Баҳори гарму чанголуд: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои гарми интизор аст, вале дар як вилоят ҳаво чанголуд мешавад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа спард , рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ борон намеборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0