Қурайшӣ барои касби курсии нахуствазири Покистон сабти ном шудааст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксШах Махмуд Курейши Министр иностранных дел Пакистан
Шах Махмуд Курейши Министр иностранных дел Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Номзадҳо ба мақоми нахуствазири Покистон пас аз барканории Имрон Хон аз сӯйи Маҷлиси намояндагони Покистон сабти ном шуданд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Палатаи намояндагони Покистон эълом кард, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз Ҳизби таҳрики инсоф ва Шаҳбоз Шарифӣ аз мухолифон асноди номзадии худро барои интихоботи нахуствазирӣ ба порлумон ироа кардаанд.
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз соли 2018 ба ин сӯ вазири умури хориҷии Покистон буд. Вай қаблан низ аз соли 2008 то 2011 дар мақоми вазири умури хориҷии Покистон кор кардааст.
Оқои Қурайшӣ як сиёсатмадори маъруфи покистонӣ ва муовини раҳбари Ҳизби таҳрики инсоф ба раҳбарии нахуствазири барканоршуда Имрон Хон аст.
Шаҳбоз Шариф, раҳбари Ҳизби Лигаи мусалмонон, бародари хурдии нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф ба унвони номзад ба мақоми нахуствазирӣ алайҳи номзади ҳизби ҳокими кунунии Покистон пешниҳод шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, ӯ дар барканории Хон нақши калидӣ бозид ва раъйи нобовариро идора кард.
Қарор аст, Палатаи намояндагони Покистон имрӯз, душанбеи 11 апрел ба номзадҳо ба мақоми нахуствазирӣ раъйи эътимод диҳад.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Имрон Хон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд
Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон мегӯяд, дар барканорияш Амрико даст дорад.
Ӯ дар як мусоҳибаи худ гуфта буд, ки мақомоти амрикоӣ ба вай ба далели мавозеаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор додаанд.
Вай гуфт, мақомоти Амрико ба ӯ ҳатто ба барканорӣ аз қудрат таҳдид кардаанд.
Имрон Хон аз интишори ҳукми барканории худ ба нақшаи як мақоми амрикоӣ ба номи Доналд Лу дар ин моҷаро ишора кард.
Аммо каме баъд таъкид кард, ки ин мақоми амрикоӣ бо ирсоли нома вайро таҳдид кардааст.
Ба гуфтаи Имрон Хон, ин номаи таҳдидомез тавассути Донал Лу, муовини вазири хориҷии Амрико дар умури марбут ба Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ирсол шудааст ва ӯ Вашингтонро ба ҳимоят аз ҷараёне мутаҳам кард, ки қасди барандозии вайро дорад.
Лентаи хабарҳо
0