Раҳмон дар соҳаи маориф тағйироти кадрӣ анҷом дод: киҳо вазифа гирифтанд

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Тоҷикистон бо судури чанд қарор дар соҳаи маорифи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Ҳамчунин бо қарори президент ректори Донишгоҳи Хуҷанд низ иваз шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Абдулло Зиёдулло Назар бо қарори президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири маориф таъйин гардид.
Қарор таъйин шудани Зиёдулло Назарро котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри матни он таъйид намуд.
Манбаъ меафзояд, "Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад".
Зимнан бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон директори мактаби президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон низ иваз шуд.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Аз авиатсия ба маориф. Ба Субҳонзода вазифаи нав доданд
Дар ин вазифа Набизода Мадина Раҳмат кор мекард. Котиботи президент иллати аз вазифа канор рафтани Набизодаро гузаштан ба кори дигар арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон ректори Муассисаи давлатии таълимии
"Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" низ каси дигар таъйин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб Усмонзода Аюб Исломро таъйин кард.
Ҷобаҷогузории кадрҳо рӯзи 11 апрел сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон дар дигар соҳаҳо низ таъйиноти кадрӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0