"Ба худ омадам, ки 7 мошинро зер кардам": ронандаи автобус аз садама ва хайри тоҷикон гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевВ салоне нового троллейбуса в Душанбе
В салоне нового троллейбуса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ронандаи автобус, ки дастикам ҳафт мошини таксиро зер кард, гуфт, намедонад, барои чӣ ин кор сурат гирифт. Ӯ гуфт, аз ҳуш рафт ва вақте ба худ омад, ки аллакай ҳафт худравро зер кардааст
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Қазияи зер кардани ҳафт мошини таксӣ аз сӯйи ронандаи автобус чанд вақт боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дохилии Тоҷикистон чарх мезанад.
Корбарон ва фаъолони иҷтимоӣ ба суроғи хонаи ронанда рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ ва хонаводааш бохабар шудаанд.
Ронанда Назар Назаров ном дошта, дар як хонаи фақирона ҳамроҳ бо падару модар ва ҳамсараш ба сар мебарад. Ӯ танҳо барои таъмири автобус бояд зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ харҷ кунад. Илова бар ин се мошине, ки зери чархи автобус мондаанд, пурра корношоям гардидаанд. Боқимондаи мошинҳо таъмирталабанд.
Автомобили после столкновения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Бархӯрди автобус бо ҳафт мошин дар Душанбе: ВКД гуфт, бо айби кӣ сар зад - видео
Ба шабакаҳо видеоҳои зиёде аз суҳбату ҳоли ногувори хонаводаи ӯ роҳ ёфт ва фаъолони иҷтимоӣ аз шаҳрвандони дастбахайр талаб намудаанд, ки ба мушкили Назаровҳо расидагӣ кунанд.
Ҳоло ширкати "Рахш таксӣ" пурра маблағи таъмири мошинҳоро ба зимма гирифта, шаҳрвандони зиёде ба суратҳисоби ин хонавода маблағи зиёд ирсол намуданд.
Худи Назаров ба "Your.tj" аз рӯзи садама чунин нақл кард, ки "бемадор будам ва нафаҳмидам, ки чӣ гуна хобам бурдааст. Як вақт ба худ омада дидам, ки 7 мошинро зер кардаам".
Падару модари Назар аз ҳама мардуми хайрхоҳ изҳори ташаккур карданд. Онҳо мегӯянд, ки дар танҳоӣ ҳеҷ гоҳ ин мушкилиро ҳал карда наметавонистанд, чун Назар ягона нафари коргар ва ноновар дар оила буд ва ҳамагӣ як моҳ боз ба кори ронандаи автобус пардохта буд.
Лентаи хабарҳо
0