Дар Русия муҳоҷирони таҳсилкарда бештар шудааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи афзоиши теъдоди мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, ки дар соли 2022 дар ин кишвар сабти ном шудаанд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Аз аввали соли 2022 шумораи муҷаввизҳои кор ба мутахассисони баландихтисос дар Русия афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия.
Ин миқдор иҷозаи кор барои муҳоҷирони соҳибихтисос додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 яку ним баробар бештар аст.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2022 барои шаҳрвандони хориҷӣ – мутахассисони баландихтисос зиёда аз 6 ҳазор иҷозатномаи кор дода шуд.
Ғайр аз ин 775 муҷаввиз ба мутахассисони соҳибихтисос дода шудааст.
Масалан як сол пеш ин нишондод 3,8 ҳазор ва 517 ададро мутаносибан ташкил мекард.
Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ дод, ки аз аввали сол ба ин сӯ беш аз 12,7 ҳазор муҷаввизи кор барои муҳоҷирон дода шудааст.
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйирот
Ин назар ба ду моҳи аввали соли гузашта 5,8 ҳазор нафар зиёд аст.
Вазорат ҳамчунин тавзеҳ дод, ки теъдоди патентҳои кор барои муҳоҷирон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Қаблан маълум шуд, ки маҳдудиятҳои шадид дар соҳаи сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси тағйироти мусбат гардид.
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
Масалан дар вилояти Калуга ҷинояти содиркарда аз ҷониби муҳоҷирон 50 фоиз кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0