Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия ба Украина беш аз даҳ ҳазор тонна бори башардӯстона интиқол дод

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксГуманитарный конвой из России прибыл в Донецк
Гуманитарный конвой из России прибыл в Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи иттилои Раёсати дифои миллии Федератсияи Русия, ахиран аз Маскав ба Украина беш аз даҳ ҳазор тонна маводи башардӯстона ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Русия дар пайи анҷоми 793 амали башардӯстона ба Украина тақрибан 10 ҳазор тонна борҳои башардӯстона ирсол кардааст. Дар ин бора генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази миллии назорати дифои Русия хабар дод.
"Аз 2 март Федератсияи Русия аллакай ба Украина 10315,3 тонна бори башардӯстона интиқол дода, 793 амали башардӯстона, аз ҷумла 12-тоаш дар Ҷумҳурии Халқии Донетску Луганск ва вилояти Херсон дар як шабонарӯз анҷом дода шуд, ки дар ин муддат 338 тонна борҳои башардӯстонаи мавриди ниёзи мардум, аз қабили дору ва озуқаворӣ интиқол дода шуданд", — гуфт генерал.
Ба гуфтаи ӯ, дар нуқтаҳои ҷамъоварӣ беш аз 22 ҳазор тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ ва маводи зарурӣ омода карда шудааст.
Мизинтсев таъкид кард, ки рӯзи 10 апрел дар Украина 10 амалиёти башардӯстона сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 492 тонна маводи зарурӣ ва маводи ғизоӣ ба аҳолӣ интиқол дода шуд.
Запорожская АЭС находится под контролем российских военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, ҳама ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0