Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон масоили доғи марзиро баррасӣ карданд

© пресс-служба Министерства иностранных дел ТаджикистанаВстреча по вопросу разделения таджикско-кыргызской границы 11 апреля 2022
Встреча по вопросу разделения таджикско-кыргызской границы 11 апреля 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони ду ҷумҳурӣ дар пайи панҷ рӯз машварат сарфи назар аз масъалаҳои баҳсӣ ба гурӯҳҳои топографӣ муваффақ шуданд, ки ба як қарори умумӣ оянд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 5 то 10 апрел дар Душанбе баргузор шудааст.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки иштирокчиёни ин машваратҳо протоколеро низ имзо карданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, афзуд ин ниҳод.
Қарор аст, ҷаласаи навбатӣ дар масъалаи тақсими марз дар Қирғизистон баргузор шавад.
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Сагро нишон гирифтаанду ба хонаи сокини Исфара расидаанд": тавзеҳи тирпаронии марзӣ
Ёдовар мешавем, рӯзи 12 март ҳайатҳои ду кишвар дар гузаргоҳи Гулистон-автодорожный дидору гуфтугӯ доштанд. Зарурати баргузории нишасти изтирорӣ ба далели ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуҷуд омад.
Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо як қатор қарорҳои муҳим қабул карданд, ки манъи истифодаи силоҳ аз ҷониби марзбонон бидуни асосҳои қонунӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ аз ҷумлаи онҳост.
Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки охирин даргирии шадид дар марзи кишварҳо рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло сурат гирифт.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Имзои созишномаи нав миёни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз таниши марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 7-соатаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон: ба чӣ тавофуқ расиданд?
Дар пайи ин ҳолат мардуми маҳаллӣ ба сарҳад наздик шуданд, ки миёнашон задухӯрд ба вуқуъ пайваста, зуд ба сангпартоӣ аз ҳар ду ҷониб мубаддал шуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бошад, гуфт, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфана будааст.
Бар асари ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расида, 10 нафар ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон аз 11 захмӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0