Ҳафт билети Душанбе - Маскав ваъда доду маблағи ҳангуфт гирифт: қаллобии сокини Ҳисор

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ки дар қаллобии махсусан калон муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор ба як нафар хариди чипта ваъда кардаю маблағи ӯро ба фоидаи худаш сарф кардааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин бора бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки моҳи июни соли 2021 марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 67 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Маблағи ҳангуфт гирифту хона надод: қаллобии сокини Душанбе
Бар ивази ин маблағи ҳангуфт ӯ ваъда додааст, ки ба ӯ 7 чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе - Маскав мехарад.
Аммо номбурда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Манбаъ афзуда, ки оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Сокини Хуҷанд аз 30 нафар маблағи ҳангуфт гирифту онҳоро замин надод: шарҳи ВКД
Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Душанбе рух дода буд. Он замон марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ аз нафаре 70 000 сомонӣ гирифта, ӯро ваъда дода буд, ки 10 адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия гирифта медиҳадаш.
Аммо на чиптаву на маблағи гирифтаашро барнагардонд.
Лентаи хабарҳо
0