"Global Times" гуфт, ки қудрати рубл дар чист

Рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нашрияи амрикоӣ шарҳ дод, ки чаро таҳримҳои ИМА сарфи назар аз коҳиши шадидашон дар охири моҳи феврал қурби русиро "кушта" натавонистанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Таҳримҳои ИМА ба далели имконнопазирии барҳам задани раванди ҷаҳонишавӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ ба рубл зиён нарасонданду қурби он зуд ба эътидол омад, менависад "Global Times".
Масалан, рӯзноманигори амрикоӣ ва шореҳи нашрияи GT Брэдли Бланкеншип қайд кард, ки Ғарб бо Маскав ба муборизаи иқтисодӣ ворид шуда, имкониятҳои худро аз ҳад зиёд баҳо дод.

"Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи 26 март дар Варшава гуфт, ки бар асари таҳримҳои Ғарб "рубл ба партов мубаддал шудааст." Ин изҳорот муболиғаи ошкор буд ва воқеият онро рад кард", — навиштааст коршинос.

Вай қайд кард, ки аз замони оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина рубл тақрибан ба пуррагӣ мавқеи аз даст рафтаашро дубора ба даст овард.
Илова бар ин муаллиф қайд мекунад, ки манобеи энержии Русия барои иқтисоди ҷаҳонӣ ҳатмӣ будани худро собит кардааст ва бозори фурӯши онҳо танҳо бо иттифоқчиёни ИМА маҳдуд нест.
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Бланкеншип гуфт, таҳримҳои зидди Русия танҳо аз ҷониби кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Аврупо ҷорӣ шудаанд. Аммо давлатҳои дигар ин корро накарданд, зеро вайрон шудани робитаҳои иқтисодӣ ва таъминот бо Русия, ки дар натиҷаи ҷаҳонишавии иқтисод инкишоф ёфтаанд, ба худи онҳо зарба мезананд.
Маълум мешавад, барои Маскав бозорҳои минтақаҳои дигар, ки алоқаҳои ба ҳамдигар фоидабахши иқтисодиро канда наметавонанд, ҳанӯз кушодаанд.
"Ҷаҳонишавӣ ин гуна кор мекунад. Ва албатта, он воқеан кор мекунад", - қайд мекунад рӯзноманигор.
Ӯ меафзояд, ки як сабаби муҳими ба эътидол омадани қурби рубл имконнопазирии барҳам задани раванди ҷаҳонишавӣ буд. Имрӯз он хусусияти ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Дар пайи ин кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Пеш аз ҳама онҳо ба бахши бонкӣ ва таъмини маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Илова бар ин дар ин мавҷи таҳримҳо баъзе брендҳои ҷаҳонӣ низ дар бораи қатъи муваққатии кор дар Федератсияи Русия эълон карданд.
Кремл чунин тасмимҳоро як ҷанги иқтисодӣ хонд, ки то ҳол ҳеҷ гоҳ рух надодааст. Бонки марказии ин кишвар барои ба эътидол овардани вазъи бозори асъор тамоми чораҳоро меандешад.
Лентаи хабарҳо
0