Марафони дав дар Душанбе: шаҳрдорӣ наздик ба ним миллион сомонӣ ҷоизапулӣ медиҳад

© Sputnik День национального бега в Душанбе
День национального бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои беҳтарин давандаҳои Ниммарафони байналмилалии Душанбе наздик ба ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон XII- умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.
Тибқи қарори шаҳрдорӣ, дар назар аст, ки имсол Ниммарафони байналмилалӣ санаи 16 апрел барпо шавад.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611530 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ба иттилои Кумитаи олимпии кишвар, ниммарафон соати 09:00 оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни кишвар, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.
Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар ин мусобиқаро доранд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.
Международный чемпионат Азии по велоспорту в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Суръати кӣ тезтар? Аксҳои ҷаззоб аз Қаҳрамонии велосипедронии Осиё дар Душанбе
Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, ки барои ҳар кадом аз барандагони ҷойҳои аввал миёни мардон ва занон ҷоизаҳои нақдии 554 ҳазору 600 сомонӣ, барои ҷойҳои дувум 46 ҳазору 800 сомонӣ, барои ҷойҳои савум 39000 ҳазор сомонӣ, барои ҷойҳои чаҳорум 31 ҳазору 200 сомонӣ, барои ҷойҳои панҷум 28 ҳазору 80 сомонӣ ва барои ҷойҳои шашум 23 ҳазору 400 сомонӣ мукофотпулӣ дар назар аст.

Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0