Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба финал роҳхат гирифт

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Шогирдони Пайрав Воҳидов ҳарчанд аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрданд, вале ба финали Ҷоми Осиё - 2022 роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо иштироки ҳашт даста аз 10 то 12 апрел идома кард.
Гуфта мешавад, дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба марҳилаи финалӣ баромаданд.
Афганистан-Таджикистан на CAFA 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд: ба Ҷоми Осиё меравад ё на?
Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳамроҳ бо тимҳои футзали Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ кард. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии аввал бо ҳарифони афғонистониро мусовӣ (1:1) анҷом дод. Бар тими Непал бо ҳисоби бузург (11:1) пирӯз шуд, вале аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби (2:5) шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик бо чор хол дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

"Ӯзбекистон бо 9 хол дар ҷои аввал, Афғонистон бо 4 хол дар ҷои сеюм ва Непал бе хол дар ҷои чорум мавқеъ гирифтанд", - омадааст дар хабари ФФТ.

Марҳилаи ниҳоии 17-умин Ҷоми футзали Осиё бо иштироки 16 даста аз қора аз 25 сентябр то 20 октябри соли равон дар Кувейт баргузор мешавад.
Ба қисмати финалӣ то ҳол 11 даста роҳхат гирифтаанд, ки инҳо тимҳои Кувейт (мизбон), Лубнон, Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Уммон, Ветнам, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0