Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон: эълони қурби рублу доллар ва евро

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Рубли русӣ дар бозории расмии кишвар коҳиш ёфтаву евро пас аз чан рӯзи коҳишёбӣ каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Ин ниҳод қурби рублро расман 13 сомонӣ коҳиш додааст. Тибқи нишондоди БМТ, як рӯз қабл 1000 рубл 171 сомонӣ қимат дорад ва ҳоло бошад, он 158 сомонӣ аст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.6300 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.5775 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетайир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Сабаби якбора паст шудани қурби доллар ошкор шуд
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 140 сомонӣ ва зимни фурӯш 160 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 149,6 ва зимни фурӯш 151,6 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 146 ва 150,5 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 145 сомонӣ мехараду ба ивази 158 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Амонатбонк" бошад, 1000 рубл зимни хариду фурӯш 151 - 162 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0