Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Русия ба президенти Беларус дар бораи пешрафти амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ва музокироти Русияву Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Рӯзи сешанбе сарони ду давлат Владимир Путин ва Александр Лукашенко ба космодроми "Восточний", дар вилояти Амур омаданд.
Президентҳои Русия ва Беларус атрофи космодром бо чархбол парвоз карда, бо рафти сохтмон шинос шуданд, инчунин ба қитъаҳои сохтмони посгоҳи фармондеҳӣ ва иншооти партоби ракетаҳои "Ангара" назар карданд, хабар медиҳад радиои Sputnik.
"Имрӯз ҳарчанд аҷиб садо диҳад ҳам, ман ҳамеша инро мегуфтам, мо як халқи сегона ҳастем: Украина, Беларус ва Русия. Он чизе, ки дар Украина рух медиҳад, бешубҳа, фоҷиа аст. Аммо Александр Григоревич дуруст гуфт, ки онҳо гузинае боқӣ нагузоштанд. Ягона суоли вақт буд, ки он кай оғоз мешавад", - иқтибос меорад РИА "Новости" аз суханони Путин.
Ба андешаи ӯ, Русия ҳамеша ба Беларус ҳамчун бародар муносибат мекард ва дар тӯли таърихи чандинасраи муштараки давлатҳо чунин буд.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Амалиёти вижа дар Украина қадами дуруст аст
Кишвардори Русия таъкид кард, ки муколама бо мақомоти Киев бештар ба шарофати Лукашенко сурат гирифтааст.
Раҳбари Беларус дар навбати худ гуфт, ки агар Русия дар баргузории амалиёти вижа дар Украина каме дер мекард, пас "онҳо омода буданд, ки ба қаламрави Русия ва ба минтақаҳои ҳамсоя зарбаи харобкунанда расонанд".
Путин ҳамчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида омодааст, то охирин украинӣ мубориза барад. Президенти Русия украиниҳоеро, ки либоси низомии дорои рахҳои лашкари СС, "Галичина" ба бар доранд, аз мардуме, ки ба фашистон ҳамдардӣ доранд, даъват кард, билохира дарк кунанд, ки Украина барои Ғарб василаи расидан ба ҳадафҳои онҳост.
Президенти Русия ҳамчунин гуфт, ки "бо ҷорӣ кардани таҳримҳои сершумори зидди Русия Ғарб ба блитскриг умед мебандад, аммо ин сурат нагирифт.
Қарз барои Украина — шикасти сиёсати Амрико дар Аврупо
Рӯзи 24 феврал кишвардори Русия Владимир Путин дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина хабар дод.
Вай дар муроҷиат ба русҳо ин тасмимро бо Оинномаи СММ, таҳрими Шӯрои федератсия ва созишномаҳои қаблан бо ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск имзошуда асоснок кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои низомии Украина зарба мезананд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард президенти Русия.
Лентаи хабарҳо
0