Роҳи оҳани Русия дар марз бо Украина тахриб шудааст

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкЖелезнодорожные пути
Железнодорожные пути - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Сардори Кумитаи тафтишоти Русия дастур дод, ки ҳодисаи роҳи оҳани вилояти Белгород - ҳодисаи дувум дар ин минтақа дар моҳи апрел таҳқиқ шавад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар вилояти Белгород, дар марз бо Украина роҳи оҳанро тахриб кардаанд. Дар ин бора губернатори ин вилоят Вячеслав Гладков дар канали худ дар "Telegram" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Муфаттишон барои гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ ва ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

"Дар ноҳияи Шебекинский роҳи оҳан тахриб шудааст. Ин ҳодиса қурбонӣ ва осебдида надоштааст. Танҳо роҳи оҳан хароб шудааст. Дар ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кор мекунад", - гуфт ӯ.

Ноҳияи Шебекинскийи вилояти Белгород дар марз бо вилояти Харкови Украина ҷойгир аст.
Ба иттилои канали Кумитаи тафтишоти Русия дар "Telegram", сабабҳои ин ҳодиса бо дастури Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқ мешавад.
"Ба иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати тафтишотии байниминтақавии ғарбии нақлиёти Кумитаи тафтишотии Русия Вименс супориш дода шуд, ки ҳолатҳои осеб дидани роҳи оҳан дар вилояти Белгородро сари вақт таҳқиқ намуда, дар бораи натиҷааш гузориш пешниҳод намояд", — омадааст дар хабар.
Сардори Кумитаи тафтишоти Русия қайд кард, ки тамоми ҳолатҳои ҳодиса бояд дар доираи парвандаи ҷиноӣ муайян карда шаванд.
Қаблан, ба гуфтаи Гладков, дар саросари ин минтақа сатҳи зарди таҳдиди террористӣ ҷорӣ шуда буд.
Автомобили сотрудников МЧС РФ на месте пожара на нефтебазе в Белгороде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Дуди сиёҳу алангаи оташ: тасовири оташсӯзии анбори нафт дар Белгород
Ҳамин тариқ дар вилоятҳои Курск ва Брянск, дар ду минтақаи наздисарҳадии вилояти Воронеж, Краснодар, дар чанд вилоят ва шаҳрҳои шимоли Қрим низ эҳтимоли таҳдиди террористӣ вуҷуд дорад.
Мақомот дар вилояти Ростов гуфтаанд, ки онҳо то ҳол ба нақша нагирифтаанд, ки чораҳои шабеҳро дар дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Украина татбиқ кунанд.
Моҳи апрел дар вилояти Белгород чанд ҳодиса – сӯхтор дар як анбори нафт ва тирборон шудани ҳудуди парки саноатии "Северний" иттифоқ уфтод.
Ба гуфтаи раиси вилоят, сӯхтор бар асари зарбаи ду чархболи украинӣ, ки ба ҳарими ҳавоии Русия ворид шуда, хеле паст парвоз кардаанд, рух додааст. Дар паи ин ҳодиса касе кушта нашудааст.
Ҳодисаи дигар дар матбаае дуртар аз парки саноатӣ рух дод. Он замон субҳи барвақт ин макон тирборон карда шуд, як корманд ба таври муъҷиза зинда монд. Ӯ барои қаҳва аз корхона баромада буд ва ин сабаби дар амон мондани ҷонаш шуд. Таҷҳизот дар бино осеб диданд, тирезаҳо тирборон шуданд.
Ҳамчунин дар бораи хисороти ҶДММ "Техсапфир", воқеъ дар муқобили макони инфиҷор ва дигар аз таркишҳо дар наздикии деҳаҳои Николское ва Ясние Зори иттилооте расонаӣ шудааст. Дар ин ҳодиса талафот вуҷуд надошт, хатти барқ ​​канда шуда ва тирезаи бинои истиқоматӣ осеб дидааст.
Лентаи хабарҳо
0