Ду садамаи маргбор дар як рӯз: ҳалокати Ясмина зери чархи "Лексус"- и Неъматулло

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Давоми як рӯз дар Тоҷикистон ду сонеҳаи нақлиётӣ ҷония к ҷавон ва ноболиғро гирифт. Ҳодисаҳо дар пайи ноуҳдабароии ронандагон сар задааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди ду садамаи маргбор хабар медиҳад, ки чони ду танро рабудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, садамаи аввал пас аз зуҳри 11-уми апрели соли шоҳроҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш” сар мезанад.
Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Даево-сиело”, Маҳмадшоев Маҳмадзоиршои 38-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми харакат дар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Абдуғаффорзода Ҳабибуллои 33-соларо пахш намудааст.
На автотрассе Бишкек — Ош, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Садамаи маргбор дар масири “Душанбе - Хуҷанд”: ноболиғи 17-cола ҳалок шуд
Дар натиҷа, пиёдагард Абдуғаффорзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон шоми ин рӯз тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус РКС-350" Фозилов Неъматуллои 28-сола сокини шаҳри Душанбе, пиёдагарди хурдсол, Насимова Ясминаи панысоларо пахш намудааст.
Ҳодиса ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт сар мезанад, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, дар бораи ҳодисаҳо рухдода таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0