Сингҳ: ИМА қоил шуд, ки Русия ва Ҳиндустон иттифоқчиёни табиӣ ҳастанд

© PixabayФлаг индии, архивное фото
Флаг индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Ҳиндустон ба феҳрасти кишварҳое дохил мешавад, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки амалиёти низомӣ дар Украинаро маҳкум мекунад, овоз нахоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазири дифоъ Раҷнат Сингҳ гуфт, ИМА эътироф мекунад, ки Ҳиндустон ва Русия "ҳампаймонҳои табиӣ" ҳастанд ва равобити устувор доранд, аммо дар айни замон Ҳиндустон намегузорад, равобиташ бо як кишвари сеюм ба хотири "манфиатҳои асосии миллии ИМА" осеб бинанд.
"Ман фикр намекунам, Русия ба муносибатҳои Ҳиндустон ва ИМА таъсир расонад. ИМА медонад, ки Ҳиндустон ва Русия иттифоқчиёни табиии якдигаранд ва муносибатҳои мо хеле муътадил аст. Ҳинд низ итминон хоҳад дод, ки ба манфиатҳои аслии миллии ИМА таъсир нарасонад", - гуфтааст Сингҳ ба мухбири газетаи "Hindustan Times" ҳангоми сафар ба Амрико.
Сингҳ ҳамчунин таъсири низоъ дар Украина ба омодагии амнияти миллии Ҳиндустонро рад кард.

"Ман розӣ нестам, ки дар амнияти миллии мо ягон мушкилот вуҷуд дошта бошад. Ҳинд кишвари заиф нест. Ҳинд қудрат дорад, ки агар мушкилоте рух диҳад, онро ҳал кунад. Аммо дар масъалаи Русия ва Украина мо мехоҳем, ки сулҳ барқарор шавад", - гуфт ӯ.

Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина як силсилаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро эълон карданд. Амалҳои Русия аз ҷониби тамоми кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада, Австралия, Ҷопон, Курёи Ҷанубӣ ва Сингапур маҳкум шуданд. Ҳамаи ин кишварҳо Русияро таҳрим карданд.
Аммо бо вуҷуди таҳримҳо аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин амалиёти низомӣ пуштибонӣ карданд. Беларус аз ҷумлаи онҳост. Дар ҳудуди ин кишвар гуфтушуниди байни Русия ва Украина ташкил карда шудааст.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Номи 6 кишвар - муттаҳидони Путин дар Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ гуфта шуд
Жаир Болсонаро, раисҷумҳури Бразилия гуфтааст, ки ин давлат ба қатъномае дар Шӯрои амнияти СММ, ки амалиёти низомӣ дар Украинаро маҳкум мекунад, овоз нахоҳад дод. Ҳиндустон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ чунин тасмим гирифтаанд. Раисҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро аз тасмим дар бораи амалиёти вижа комилан пуштибонӣ кард ва ҷонибдори ҳалли дипломатии қазия шуд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0