Тирапонӣ дар метрои Ню-Йорк чанд кушта бар ҷой гузошт

© AP / Frank Franklin IIСотрудник полиции в метро города Нью Йорка. Архивное фото
Сотрудник полиции в метро города Нью Йорка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти ин шаҳр субҳи 12 апрел дар платформаи истгоҳи метрои Ню-Йорк тирпаронӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар метрои Ню-Йорк дар минтақаи Бруклин тирпаронӣ рух додааст, хабар медиҳад шуъбаи пулиси шаҳрӣ.

"То ҳол мо маълумот дорем, ки бисёре аз мардум дар хиёбони 4 ва кӯчаи 36 захмӣ шудаанд", - гуфт ҳамсуҳбати агентӣ.

Ба гуфтаи бархе аз шоҳидони айнӣ, тирпаронӣ дар истгоҳи метро рух додааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз платформаи метро бо захмиён аксҳо пайдо шуданд.
Пулис аз мардум даъват мекунад, ки ба макони тирпаронӣ наздик нашаванд.
Зимнан кормандони пулис мегӯянд, онҳо гумонбареро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба маълумоти онҳо, марди ҳамлагар сиёҳпӯст буда, дар тан либоси бинокорӣ дошт ва вазнаш тақрибан 180 кило аст.
Ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҳамчунин маълумоте мавҷуд аст, ки гумонбар шарике доштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои телевизиони маҳаллӣ, шумораи қурбониён ба 13 нафар расидааст.
Дар пасманзари ин ҳодиса Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико мубориза алайҳи "аслиҳаи арвоҳ", силоҳи оташфишонро эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0