Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шомгоҳӣ ноором шудааст. Хабарҳо дар бораи тирпаронӣ ва захмӣ шудани сарбозе мерасанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар марзи марзи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва сарҳади Қирғизистон тирпаронӣ рух дод. Дар ин бора мақомоти қудратии Қирғизистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муноқиша шоми рӯзи сешанбе дар маҳаллаи Селкани ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст. Тибқи гузориши расонаҳо, дар паи ин ҳодиса як сарбоз захмӣ шудааст.
Мақомоти тоҷик расман ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон чун ҳамешагӣ, сарбозони тоҷикро дар оғози муноқиша айбдор мекунад.
Бино ба иттилои КДАМ Қирғизистон сарбозони тоҷик "20 метр ба марзи Қирғизистон даромада" ва ба оташи огоҳкунандаи ҷониби Қирғизистон, ки гӯиё ба сӯи ҳаво тир холӣ кардаанд, оташ кушодаанд.
"Дар натиҷаи гуфтушуниди намояндагони қудратии ҷонибҳо, ба тирпаронӣ хотима дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 12 апрел дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Мулоқоти навбатӣ миёни раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори кишвардори Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор шуд.
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи вилояти Бодканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз: аз ҳамсоядорӣ ва пешгирии муноқишаҳо гуфтанд
Зимни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ кардан аз муноқишаҳо ва ё ҳолатҳое, ки боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, шуданд.
Таъмин намудани амнияти сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз масъалаи дигаре буд, ки мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин самт қайд гардид, ки ҷонибҳо бояд дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ кор кунанд.
Қаблан гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданду дар поёни гуфтушунид протоколеро низ имзо карданд.
Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо аз 5 то 10 апрел дар Душанбе баргузор шуд.
Маврид ба зикр аст, ки охирин даргирии шадид дар марзи кишварҳо рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло сурат гирифт.
Тоҷикистону Қирғизистон масоили доғи марзиро баррасӣ карданд
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Дар пайи ин ҳолат мардуми маҳаллӣ ба сарҳад наздик шуданд, ки миёнашон задухӯрд ба вуқуъ пайваста, зуд ба сангпартоӣ аз ҳар ду ҷониб мубаддал шуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бошад, гуфт, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфана будааст.
Бар асари ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расида, 10 нафар ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон аз 11 захмӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0