Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад

© AP / Matt RourkeЛожка сахара, архивное фото
Ложка сахара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистонро зарур аст, харидории шакарро, ки ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои коркард зарур аст, зиёд кунад, зеро зиёдшавии аҳолӣ ва рушди саноат ин талабро пеш овардааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар се соли оянда Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки воридоти шакарро афзоиш диҳад.
Ин маълумот дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар оварда шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин навъи маҳсулот беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Барои соли 2022 ин рақам 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Афзоиши рекордии гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд
Ин афзоиши воридот ба афзоиши шумори аҳолӣ ва ниёз ба саноати коркард вобаста гуфта мешавад. Аз ҷумла шакар дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба миқдори зиёд лозим аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2021 воридоти шакар беш аз 162,1 ҳазор тонна, ба маблағи 86,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид доштанд.
Барои ин пеш аз ҳама майдонҳои калони парвариши лаблабӯ ва танҳо дар он сурат сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ имконпазир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0