Вазорати меҳнат гуфт, маоши миёнаи тоҷикистониён 12 фисад зиёд шудааст

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Афзоиши музди миёнаи моҳона дар ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 12 фоизро ташкил дод.
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи музди меҳнат афзоиш ёфтааст.
Чунин маълумотро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни ҳисобот аз натоиҷи семоҳаи аввали соли 2022 пешниҳод кардааст.
Ба ин тартиб, тибқи гузоришҳои хадамоти марбути ин ниҳод, дар Тоҷикистон маоши миёна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба ҳолати 1 феврали соли 2022 маоши миёна дар ҷумҳурӣ 1,6 ҳазор сомониро (ҳудуди 125 доллар) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 173,8 сомонӣ ё 12% зиёд аст.
Вазора мегӯяд, дар ин давра шумораи умумии коргарон дар миқёси ҷумҳурӣ 1 миллиону 229 ҳазору 695 нафарро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 (1215909 нафар буд) 13786 нафар ё 0,6 фоиз зиёд мебошад.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Дар Тоҷикистон маоши камтаринро кишоварзу ҷангалбон мегирад: баландтаринро кӣ?
Шумораи кормандони дар давраи ҳисоботи бақайдгирифта бошад, 643933 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 (629804 нафар буд) 14129 нафар ё 2,2 фоиз зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомониро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар авоили моҳи январ фармонеро дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандон ба имзо расонд.
Хаҷми пардохт дар баъзе навоҳӣ 25 фоиз афзуд. Инчунин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ҳарбӣ 20% индексатсия карда шуданд.
Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз ҳама пастарин дар кишвар гуфта мешавад. Музди меҳнати онҳо 691 сомонӣ (53 доллар) будааст.
Маоши баландтарин - беш аз 4000 сомонӣ (323 доллар)-ро кормандони бонк мегирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0