Даъвати кордори сафорати Афғонистон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Эрон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳирот ба шиддат эътироз кард
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Тавре хабаргузории “Форс” хабар додааст, Сайид Расули Мусавӣ, мудири кулли бахши Осиёи Ҷанубии Вазорати умури хориҷии Эрон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон нисбат ба ҳамалоти анҷомшуда ба сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар Ҳирот ба шиддат эътироз кард.
Даъвати кордори сафорати Афғонистон дар Теҳрон дар пайи баргузории таҷаммуъ дар муқобили сафорати Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳирот ва сангпартобкуниҳо ба ин маконҳои дипломатӣ сурат гирифтааст.
Ҳамин тавр мақомоти Эрон бо ёдоварии масъулияти давлатҳо дар барқарории амнияти намояндагиҳои дипломатӣ хостори бархурди қонунӣ бо ҳамлакунандагон ба намояндагиҳои ин кишвар дар Афғонистон шуд.
Мазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Вазорати хориҷаи толибон: Сафорати Афғонистон дар Маскав ба дипломатҳои мо супорид шуд
Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунин ба иттилои кордори Афдғонистон расонд, ки то иттилои сонавӣ бахшҳои консулии намояндагиҳои Эрон дар Афғонистон фаъолиятҳои худро мутаваққиф карданд.
“То итминони лозим аз тарафи Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар заминаи барқарории амнияти комили намояндагиҳои Эрон дода нашавад, сафорат ба кори худ оғоз нахоҳад кард”, - таъкид доштааст Сайид Расули Мусавӣ.
Лентаи хабарҳо
0