"Ҳатто хориҷиҳо ҳам асир мешаванд". Он чӣ дар бандари Мариупол мегузарад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксМариуполь после отступления ВСУ
Мариуполь после отступления ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қӯшунҳои ҶМД бандари Мариуполро, ки қисмҳои зиндамондаи баталони "Азов"* дар он ҷо паноҳ бурданд, бастаанд. Душман ҷангро сусттар мекунад — лавозимоти ҳарбӣ тамом мешавад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik, Виктор Звантсев. Раҳбарони миллатгаро кӯшиш мекунанд, ки тавассути ҳаво гурезанд, дар ҳоле ки зердастонашон дар замин нуфузмекунанд.

Болгард бо лавозимоти ҷангӣ

Бандарҳои харобшуда, киштии боркаши сӯхта, дастгоҳи боркуни шикаста, минаҳо часпида ба мумфарш — хамин тавр менуд, ки қисми бандари Мариупол, ки як рӯз пеш таҳти назорати қувваҳои Русия гузашт. Ҳамагӣ сад-дусад метр дуртар сангари Украина аст.
Лангаргоҳҳамчун паноҳгоҳ барои тӯпчиён, радёбҳо ва ронандагони танк хидмат мекунад. Т-72 аз паси блоки бетонӣ берун шуда, се тир холӣ мекунад ва боз пинҳон мешавад. Дар ҷавоб минаҳо “парвоз” мекунанд, вале аз ҳадаф чанд метр дуртар меафтанд.
Ҳамлаи артиши Русия ба охирин такягоҳи баталони Азов дар Мариупол  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Ҳамлаи артиши Русия ба охирин такягоҳи баталони "Азов" дар Мариупол - видео
"Гарчанде мо вазъро пурра таҳти назорат дошта бошем ҳам, душман ҳанӯз пурзӯр аст, — мегӯяд тирандози Бригадаи зудамали ҶМД Шрам (бо хоҳиши ӯ исмаш тағйир дода шуд). — Як-ду соат пеш масалан, танки мо мунҳадим ва экипаж ҳалок шуд. Мунтазирем, ки имрӯз ё пагоҳ муҳимоти ҷангии нозиҳо тамом мешавад".
Ҷангҷӯёни “Азов”*, ба қавли ҷанговарон, ҳоло аз ҷиҳати иқтисодӣ сарфакорона меҷанганд, дар давоми яку ним моҳ захираи онҳо хеле кам шуд. Дар манотиқи озодшуда анборҳои холии зиёде мавҷуданд. Онҳо дар ин ҷо ба муҳориба муддати дароз ва ҳаматарафа тайёрӣ дидаанд.
"Мо ҳама роҳҳои интиқоли силоҳро бастаем: дар замин, об ва дар ҳаво," - идома медиҳад Шрам, - "кӯшиши охирин як ҳафта пеш буд".

Гаравгони вазъ

Ҳамла ба бандар дар рӯзи аввали амалиёти низомӣ оғоз шуд. Бастакори яке аз корхонаҳои Мариупол Максим Агапов он субҳро хуб дар хотир дорад. "Ин танҳо басти ман буд, - мегӯяд ӯ, - "ҳамин ки раисиҷумҳури Русия муроҷиат кард, онҳо як киштии ҷангиро дар лангаргоҳи шашум, дуртар аз пойгоҳи баҳрӣ пахш карданд. Ману шарикам дар савум будем". Максим аз Горловка омада, аз рӯи усули ротатсия кор мекард.
“Ман бо ҳамкасбон дар қисмати таърихии шаҳр, дар паҳлуи "Хонаи нимфҳои гирён"-и машҳур, ки дар он ҷо сад сол пеш сармеъмори Мариупол Виктор Нилсен зиндагӣ мекард, як хонаи хурди хусусиро иҷора гирифтем”, - мегӯяд ӯ.
"Нерӯҳои Азов* дар рӯ ба рӯи роҳ иқомат карданд”, - ба ёд меорад Агапов, - "онҳо ба ғайринизомиён нагуфтанд, ки метавонанд тавассути долонҳои башардӯстона бираванд. Баръакс касеро ба дохил нагузоштанд, миллатгароён аз пушт тир мепарронданд. Ман шахсан дидам, ки чӣ тавр одамони бесилоҳ кушта шуданд".
Народная милиция ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бандари Мариупол таҳти назорати ҶМД қарор гирифт
Ҷасадҳои парешоншуда чанд рӯз зери девори назди хонаи Агапов буданд. Аз задухӯрдҳои беист онҳоро берун кашида дафн карда натавонистанд.
Дар як ҳавлии ҳамсоя манзараи ҳайратангезтарест, ки он ҷо боқимондаҳои сӯхтаи як нафақахӯр дида шуд, ки бар асари зарбаи мустақими минаи миллатгароён пора-пора шуд.
"Яке ба сӯйи мо парвоз кард, - ба бом ишора кард Максим, - шифтро шикаста, дар байни бухорӣ ва ҷойи дастшӯӣ часпид. Хушбахтона, ки натаркид, аммо ба ҳар сурат дарро баста, минрӯбонро мунтазир шудем”.
Максим дид, ки чӣ тавр миллатгароён ба сӯи бандар ақибнишинӣ карда, либосҳои аз шаҳрвандони осоишта гирифташударо иваз карда, кӯшиш мекунанд, ки бо издиҳоми гурезаҳо омехта шаванд.
Худи у мунтазири эвакуатсия шуда, ба ҳамсояҳои куҳансол ёрӣ мерасонад: аз тариқи насос об мекашонад, аз боқимондахои орд кулча мепазад, бӯхориро гарм мекунад. "Ман танҳо мехоҳам, ки ба хона, ба назди падару модарам ва занам биравам," - мегӯяд ӯ. "Ман бовар надорам, бинобар ҳама чизе, ки аз сар гузаронидаам, пурра сиҳҳат шавам. Ин дӯзах буд".

Навозандагон ва ҳунарпешаҳо

Миллатчиён якбора аз якчанд самт: Ғарб, Шимолу Ғарб ва Шимол ба бандари баҳрӣ ба ақиб зада шуданд. Дар муҳорибаҳои куҷа ҳам сарбозони касбӣ ва ҳам онҳое, ки дар миёнаҳои моҳи феврал сафарбар шудаанд, иштирок карданд.
Дар байни даъватшудагон ҳунарпешаҳои Театри опера ва балети Донетск, инчунин навозандагони филармонияи маҳаллӣ, ки аз деҳаи Мангушанд, буданд.
Мариуполь после отступления ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар Мариупол зархаридони аврупоӣ меҷанганд
— Одамони аҷоиб, — мегӯяд фармондеҳи баталони Бригадаи 5-уми ҶМД бо исми мустаори Николайич, — яке аз онҳо мебарояд: “Ман сигор дорам, мехоҳам онро ба як қуттӣ ғизо (тушенка) иваз кунам”. Ҷавоб медиҳам: "Барои худ нигоҳ дор, як банка гир". Ӯ пайваста такрор мекунад: "Не, ман исрор мекунам”. Дар ин лаҳза шумо мефаҳмед, ки шумо бо як зиёии воқеӣ муошират мекунед".
Ҳоло кормандони театр ва филармония сектори хусусии назди бандарро, ки он ҷо ҳанӯз ҳам ноором аст, назорат мекунанд. Субҳ ба тундбод мераванду тоза мекунанд, бегоҳ дар назди оташ гирди дастархони шом ҷамъ мешаванд ва аз худ мегӯянд, ки дар задухӯрде ҳалок шудаанд.

Капитане аз Одесса

Дар бандар, ба гуфтаи ҳарбиён, отрядҳои ҷудогонаи “Азов”* ҳафр кардаанд. Ва ҳатто дар ин ҷо онҳо дар паси мардуми осоишта пинҳон шуданро идома медиҳанд.
"25 нафар аз онҳо аз киштӣ раҳо карда шуданд. Капитан аз Одесса аст, боқимондаҳо аврупоӣ ва амрикоиҳо ҳастанд. Онҳо иҷозати рафтан надоштанд, онҳо ҳамчун сипари зинда нигоҳ дошта мешуданд," – гуфт Шрам.
Вазорати амният қариб ҳар касеро, ки дар бандар ва гирду атрофи он мебинад, тафтиш мекунад. Охир, маълум аст, ки миллатчиёни торуморшуда фиреб доданӣ мешаванд. Бисёре аз нерӯҳои “Азов”* шаҳодатномаҳои қалбакии коргарони бандар ё дигар корхонаҳои шаҳрро доранд.
Ба гуфтаи фармондеҳи артиши ҶМД, Мариупол тақрибан комилан пок шудааст, аммо дар баъзе минтақаҳо, асосан дар минтақаи саноатӣ, аз се то чаҳор ҳазор сарбози украинӣ пинҳон шудааст. Чӣ қадар вақт ва заҳмат лозим аст, то онҳоро маҷбур созанд, ки силоҳҳояшонро гузоранд ва бо дастҳояшон ба берун бароянд, афсарон то ҳол пешгӯиро ба уҳда нагирифтаанд.
*- Ҳанги нозии "Азов" ба унвони созмони ифротӣ дар Русия шиносоӣ ва алайҳи ҷангҷӯёни он дар ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0