Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Суғду вилояти Липетски Русия

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПодписание соглашений между Согдийской области Таджикистана и Липецкой области РФ
Подписание соглашений между Согдийской области Таджикистана и Липецкой области РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Ширкатҳои бузурги вилояти Суғд ба бозори Липетски Русия роҳ ёфтанд. Миёни ширкатҳои вилояти Суғд ва Липетски Русия ахиран 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран дар вилояти Липетски Русия маросими баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Липетски баргузор гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, дар маҷмуъ 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов барпо гардид.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Афзоиши рекордии гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили “Хонаи савдо”-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои “Нуртекс” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Оби Зулол” ва Маркази содиротии вилояти Липетск, “Само” ва “Интер Эко Технологии”, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва “Липетск Комплекс Строй”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Хорои Хуҷанд”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Нуртекс”, “Липетск Комплекс Строй” ва “Силкоат Бойя”, “Евро Агро” ва филиали “Хантана Канада Инк” дар вилояти Суғд, “Евро Агро” ва “Сомон кристалл” созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0