Дар Хатлон қарзи корхонаҳои саноатӣ ба 10 миллион сомонӣ расид

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Корхонаҳое чун "Авесто Панҷ", "Оли Сомон" ва "Субҳи Сарбанд" аз бузургтарин қарздорон назди нозироти андоз гуфта мешаванд. Ҳудуди 50-60 дарсади қарзҳо маҳз ба ҳамин корхона рост меояд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Хатлон бузургтарин корхонаҳои саноатӣ назди нозироти андоз қарздор мебошанд, хабар медиҳад "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, қарзи корхонаҳои азими саноатӣ ба 10 миллион сомонӣ мерасад.
Манбаъ аз қавли сардори нозироти вилоят Каримзода Зокир хабар дод, ки дар аввали соли 2022 қарзи корхонаҳои калон аз андоз 13 миллион сомониро ташкил медод.

"То якуми апрели соли ҷорӣ 3 миллионаш пардохт карда шуда, ҳоло 10 миллион сомонии дигари қарз боқӣ мондааст", - афзуд Каримзода.

Ба гуфтаи ӯ, 50-60 дарсади ин қарз ба КИ “Авесто Панҷ”, ҶДММ “Оли Сомон” ва ҶДММ “Субҳи Сарбанд” рост меояд ва феълан барои баргардондани қарз нисбати корхонаҳои мазкур ҳама чораҳо андешида шудаанд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Парвандаи ду корманди мақомоти андоз дар Суғд: яке сардору дигаре мутахассис
Манбаъ афзуд, нақшаи андозе, ки дар назди нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, 155 миллиону 718 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он 158 миллиону 910 ҳазор сомонӣ, яъне 3 миллиону 192 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро шуд.
Лентаи хабарҳо
0