Қазоқистон аз баргузор кардани гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба даст кашид

© Foto / министерство обороны Республики КазахстанКазахстанские военнослужащие на параде
Казахстанские военнослужащие на параде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Маъмулан дар Қазоқистон гузашти низомӣ бахшида ба 9 май дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Охирон бор ин кишвар соли 2018 парад баргузор карда буд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки соли 2022 гузашти низомиро баргузор накунад, дар ҳоле ки охирин бор чунин як режаро соли 2018 баргузор карда буд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.

"Гузашти низомӣ дар соли 2022 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон ва Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба нақша гирифта нашудааст", - посух додаанд аз ин ниҳод ба хабаргузорӣ.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ин кишвар бинобар авҷи бемории коронавирус баргузории гузашти низомиро лағв карда буд. Чунин чорабинӣ маъмулан дар Қазоқистон дар давоми ду сол як бор сурат мегирад.
Феълан маълум нест, ки чаро мақомоти зиддахли Қазоқистон чунин тасмимгирӣ намуданд.
Военный парад в городах России, посвящённый 76-й годовщине Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Режаи низомии 9 май дар майдони Сурх баргузор мешавад
Қобили зикр аст, ки соли 2022 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон аст.
Манбаъ меафзояд, ба ин муносибат барпо шудани чорабиниҳои идона ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ, Вазорати дифоъ ният дорад, ки дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон ҳудуди 50 чорабинии гуногун баргузор намояд.
Лентаи хабарҳо
0