Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия ва Украина музокиротро ба таври онлайнӣ идома медиҳанд

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, Русия ва Украина музокироти онлайниро идома медиҳанд. Аллакай 4 даври гуфтушуниди рӯ ба рӯи ҷонибҳо барпо шудааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҷонибҳои Русия ва Украина музокирот дар бораи ҳалли вазъ дар Украинаро дар формати онлайнӣ идома медиҳанд.

"Музокироти Русия ва Украина дар бораи созиш дар бораи ҳалли вазъ дар Украина идома дорад ва онҳо дар формати онлайнӣ сурат мегиранд", - гуфт вай зимни брифинг.

Ба гуфтаи Захарова, ҳайати Украина “саъйю кӯшиши худро на барои ба даст овардани созиш, балки ба кашол додани музокирот равона мекунад”, - менависад РИА "Новости".
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0