Теъдоди қурбониёну захмиёни тирпаронии Бруклин афзуд: пулис муттаҳами 62-соларо меҷӯяд

© AFP 2023 / SPENCER PLATTПолиция и сотрудники службы экстренной помощи собираются на месте сообщения о расстреле нескольких человек за пределами станции метро 36 St 12 апреля 2022 года в Бруклинском районе Нью-Йорка
Полиция и сотрудники службы экстренной помощи собираются на месте сообщения о расстреле нескольких человек за пределами станции метро 36 St 12 апреля 2022 года в Бруклинском районе Нью-Йорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Ном ва синну соли нафари муттаҳам дар тирпаронии Бруклин ба пулиси Ню-Йорк маълум шуд. Феълан ҷустуҷӯи ӯ идома дорад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Теъдоди қурбониёни тирпарронӣ дар метрои Бруклин ба 24 нафар расид, хабар медиҳад NY1. Маълум аст, ки даҳ нафар аз тири силоҳ кушта шуданд.
Ба кормандони пулис муяссар гардид, ки ном ва синну соли нафари муттаҳамро дақиқ кунанд. Сардори шуъбаи детективии пулиси шаҳрӣ Ҷеймс Эссиг дар нишасти матбуотӣ гуфт, номи муттаҳам Фрэнк Ҷеймс буда, ӯ 62-сола аст.
Сотрудник полиции в метро города Нью Йорка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Тирапонӣ дар метрои Ню-Йорк чанд кушта бар ҷой гузошт
Субҳи рӯзи сешанбе дар истгоҳи метрои 36-уми Бруклини Ню Йорк тирпаронӣ рух дод. Марде бо либоси сабзи бинокорӣ ва ниқоби зиддигазӣ дар рӯйяш сӯйи мусофирони метро оташ кушод.
Зимнан кормандони пулис чанде дуртар аз ҷойи ҳодиса мошини "U-Haul" бо рақамҳои давлатии Аризона пайдо карданд, ки метавонад ба ин ҳодиса иртибот дошта бошад.
Рӯзи 12 апрел шоҳидон аз макони тирпаронӣ дар метрои Бруклини Ню-Йорк видеоҳоеро нашр намудаанд.
Дар видео дида мешуд, ки рӯи фарши метро теъдоди зиёди мусофирон оғуштаи хун хобидаанд ва гирдогирди онҳо одамони дигар талоши кумакрасонӣ доранд.
Нашри нахустин видео аз тирпаронӣ дар метрои Ню - Йорк
Он замон теъдоди кушташудаҳо шаш нафар ва ҷароҳатбардоштагон 13 нафар гуфта мешуд.
Дар пасманзари ин ҳодиса Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико мубориза алайҳи "аслиҳаи арвоҳ", силоҳи оташфишонро эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0