Аз Тоҷикистон ба Қаҳрамонии куштии Осиё кӣ меравад?

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Се варзишгари тоҷик дар Қаҳрамонии куштии Осиё, ки дар Муғулистон баргузор мешавад, миёни 270 варзишгар аз 18 давлати дунё қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дар шаҳри Уланбатори Муғулистон Қаҳрамонии куштии Осиё барпо мегардад, ки варзишгарони тоҷик низ дар ин мусобиқа иштирок ва қувваозмоӣ мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар намояндагӣ мекунанд.

"Аъзои дастаи мунтахаби куштии тарзии озоди Тоҷикистон - Муҳаммад Икромов, Шуҳрат Бозоров ва Искандари Рустам дар мусобиқаи сатҳи баланди қораӣ ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар хабари кумита.

Манбаъ меафзояд, Икромов дар вазни то 61 кило, Бозоров - 79 ва Рустам дар вазни 125 кило бо рақибони худ мубориза мебаранд.
Ин мусобиқа аз 19 то 24 апрел идома меёбад ва иштироки 270 варзишгар аз 18 давлати қора дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки ин мусобиқа рӯзи 19 апрел бо қувваозмоиҳои куштии юнонӣ-римӣ оғоз мегардад. Рӯзҳои 21-22 қувваозмоии бонувон ва сипас 23-24 апрел куштии тарзи озод сурат хоҳад гирифт.
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Ҳарифони варзишгарони тоҷик дар Телавив маълум шуданд
Кумита таъкид намудааст, ки Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра дар солҳои 2012, 2013 ва 2 медали биринҷии солҳои 2014, 2020 дар Қаҳрамонии осиё мебошад.
Ҳамчунин Муҳаммад соли 2020 дар Деҳлӣ соҳиби медали нуқра гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0