Артиши Украина хонаҳоро дар вилояти Брянск тирборон кард

© AP / Andrew MarienkoУкраинские военные на танке
Украинские военные на танке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарзаминҳои Русия, ҳаммарз бо вилояти Чернигов зери оташ қарор гирифтанд. Ба ғайр аз хароб шудани биноҳои истиқоматӣ захмиён низ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба сӯйи биноҳои истиқоматӣ дар Климово тирандозӣ карданд. Дар ин бора губернатори вилояти Брянск Александр Богомаз дар "Telegram-каналаш" хабар додааст.

"Имрӯз нерӯҳои мусаллаҳи Украина рустои Климоворо тирборон карданд. Дар натиҷаи тирпаронӣ ду бинои истиқоматӣ осеб дида, дар миёни сокинон қурбониҳо низ ҳастанд. Дар ҷои ҳодиса хадамоти дахлдор, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ кор мекунанд. Ба мардум дар ҳоли ҳозир тамоми ёрии тиббии зарурӣ расонида мешавад", — навиштааст ӯ.

Тибқи иттилои пешакӣ, 7 нафар, аз ҷумла як зани ҳомиладор ва як кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.
Губернатор афзуд, дар робита ба вазъи изтирорӣ тамоми мактабҳои вилоятҳои ҳаммарз бо Украина ба таълими фосилавӣ мегузаранд.
Қаблан Раёсати марзбонии Русия дар вилояти Брянск хабар дода буд, ки аз ҷониби вилояти Чернигов нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба гузаргоҳи автомобилии Новие Юркович аз миномётҳо тир холӣ кардаанд.
Дар ин лаҳза дар гузаргоҳ беш аз 30 гуреза буд ва касе аз онҳо осеб надидааст. Аммо пораҳои он ба ду мошини ғайринизомие бархӯрдаанд.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия: Сарбозони украинӣ дар Мариупол ба таслимшавӣ идома медиҳанд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0