Дар Душанбе Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад

© Foto / Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМФлаги и эмблема Содружества Независимых Государств
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Дар миёнаҳои моҳи май вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии мавзуъҳои минтақаӣ ва вазъи Украина вориди Душанбе мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Дар ин бора директори Департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Русия Михаил Евдокимов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, баргузории шӯро дар Душанбе рӯзи 13 май дар назар аст.

"Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ маъмулан дар як сол ду бор баргузор мешаванд. Ҷаласаи навбатӣ шартан рӯзи 13 май дар Душанбе баргузор мегардаду ҷаласаи тирамоҳӣ 13 октябр дар Нурсултон", - гуфт Евдокимов.

Ба гуфтаи ӯ, вазирони кишварҳои ИДМ дар ин нишаст мавзуъҳои байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ хоҳанд кард. Илова бар ин вазъи Украина низ баррасӣ мешавад.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум кард ва хостори муҷозоти онҳо шуд
Қобили зикр аст, ки қаблан гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоеви сурат гирифта буд.
Вазирон на танҳо дар бораи ҳодисаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳарф задаанд, балки дар чаҳорчӯби суҳбат ба мавзуи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ, ки 13 майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, дахл кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0