Дуздӣ дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи Ромит: ВКД ду нафарро боздошт кард

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дуздон ба истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Лола" дар Ромит зиёда аз 32 ҳазор сомонӣ зарар расонданд. Вазорат мегӯяд, ғоратгарон сокинони шаҳри Ваҳдат мебошанд, ки як нафари онҳо ноболиғ аст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Лола" дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин истироҳатгоҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Поёноб воқеъ буда, дуздон аз он ҷо як дастгоҳи обкашӣ ва маҳсулоти сохтмониро дуздидаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳодисаи ғоратгарӣ авоили моҳи март сурат гирифтааст ва феълан кормандони милиса муттаҳамони ин ҳодисаро муайян ва дастгир намудаанд.

"Кормандони милиса марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин як ноболиғи 17-соларо, ки низ сокини ҳамин шаҳр мебошад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҳодиса дастгир намуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, ба истироҳатгоҳи кӯдаконаи "Лола" дар маҷмуъ 32 ҳазору 270 сомонӣ зарар расидааст.
Заправка бензином автомобиля на автозаправочной станции АЗС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Дуздӣ дар утоқи кории раиси ширкати фурӯши сӯзишворӣ
Феълан тафтишоти ин ҳодиса идома дорад. То нашр шудани хабари мазкур назари муттаҳамон дар ҳодисаи дуздии истироҳатгоҳ ироа нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0