Евдокимов: Ғарб мекӯшад, ҳамгироӣ дар ИДМ-ро тазъиф кунад

© Исполнительный комитет СНГДиректор первого департамента стран СНГ МИД России Михаил Евдокимов
Директор первого департамента стран СНГ МИД России Михаил Евдокимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд, равандҳои ҳамгироӣ дар дохили ИДМ-ро халалдор созанд, аз ин рӯ кишварҳои иттиҳод бояд механизмҳои марбут ба амниятро мутобиқ созанд
Дар ин бора, инчунин дар бораи дурнамои бозгашти Украина ба иттиҳод, чораҳои андешидаи кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои коҳиш додани таъсири манфии таҳримҳои Ғарб РИА “Новости” мусоҳибае кардааст бо Михаил Евдокимов, мудири Департаменти якуми Русия дар умури кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия.
- Шумо формат ва дурнамои иштироки Украинаро дар сохторҳои ИДМ чӣ гуна тавсиф мекунед?
-Украина ҳамчунон узви ИДМ боқӣ мемонад, барои кори он дар доираи иттиҳод монеае нест. Дар ҳамин ҳол аз соли 2014 Киев курси маҳдуд кардани фаъолияташ дар ин созмонро пеш гирифтааст, дар ҷаласаҳои мақомоти олии оинномавии иттиҳод ҳузур надорад, намояндагони худро аз вазифаҳои квота дар кумитаи иҷроияи ИДМ бозхонд ва намояндагии ИДМ дар Минск баста шуд. Созишномаҳои бисёрҷониба, ки барои Украина манфиати амалӣ надоранд, пайваста маҳкум карда мешаванд.
Ҳоло дар бораи дурнамои ширкати Украина дар умури ИДМ пешгӯӣ кардан душвор аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин масъала ба иродаи сиёсии мақомоти Киев бастагӣ дорад.
- Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ имсол кай баргузор ва кадом масъалаҳо ба рӯзнома ворид мешаванд? Оё шумо нақша доред, ки вазъи Украинаро баррасӣ кунед?
- Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ чун анъана дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд. Ҷаласаи навбатӣ дар Душанбе 13 май ва нишасти тирамоҳӣ дар Нурсултон 13 октябр дар назар аст. Рӯзномаи маҷлиси баҳорӣ хеле васеъ аст. Интизор меравад, ки вазирон дар бораи доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи иттиҳод табодули афкор намуда, мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ, албатта, вазъи Украинаро баррасӣ кунанд.
Илова бар ин дар соли 2021 ҷамъбасти натоиҷи иҷрои ду санади муҳим - Нақшаи машваратҳои байниидоравӣ дар доираи ИДМ ва Барномаи амали фаъолгардонии шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ дар назар аст. Бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамгироӣ дар самти фарҳангию гуманитарӣ қарор дар бораи оғози лоиҳаи байналмилалии "Пойтахти ҷавонони ИДМ" қабул мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар бораи фаъолияти илмӣ ва рушди сайёҳӣ як қатор қарорҳо қабул шаванд.
- Оё таҳримҳои зидди Русия ба лоиҳаҳои ИИОА таъсир мерасонанд? Оё дар ин бобат барои рушди минбаъдаи иттиҳод ягон хатар вуҷуд дорад? Ё баръакс фишори таҳримӣ шариконро ба ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ, масалан, барои афзоиши интиқоли захираҳои энергетикии Русия ба кишварҳои ИИАО водор мекунад?
- Ҳамкории кишварҳои мо дар чаҳорчӯби иттиҳод аз лаҳзаи таъсиси он ба рафъи оқибатҳои вазъи буҳронии иқтисоди ҷаҳонӣ то “панҷгона” мусоидат кард. Намунаҳои охирин кори бомуваффақияти ҳамоҳангшудаи кишварҳои узви ИИАО дар шароити пандемияи коронавирусро дар бар мегиранд.
Дар баробари ин Русия чанд сол боз зери таҳримҳо қарор дошт ва тавонист ба онҳо мутобиқ шавад: воридотивазкунӣ ба роҳ монда шуд ва мо дар гурӯҳҳои асосии молҳои кишоварзӣ қариб пурра ба худтаъминкунӣ расидем.
Бешубҳа, чораҳои маҳдудкунандаи ғайриқонунии якҷонибаи Ғарб дар моҳҳои охир алайҳи Русия ва Беларус дар миқёси бесобиқа ба далели робитаи амиқи иқтисодҳо дар бозори ягона натавонистанд ба кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё таъсир нарасонанд.
Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон маҷмуаи ягонаи тилоии филмҳоро эҷод мекунанд
Дар марҳалаи ҳозира диққати асосии "панҷгона" ба тадбирҳои рафъи оқибатҳои манфии таҳримҳои Ғарб бо молҳои зарурӣ, чӣ саноат ва ҳам кишоварзӣ, таъмин намудани бозори ИИАО дода мешавад. Дар ин замина сиёсати воридотивазкунанда бештар таъсир мерасонад.
Ҳоло лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат ва агросаноатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Мо инро аз шариконамон дар иттиҳодия мешунавам. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ин масъала ба кишварҳо ёрии калон мерасонад, ки лоиҳаҳои гуногуни ояндадорро ҷамъбаст намуда, барои татбиқи муштараки онҳо пешниҳод омода менамояд.
Татбиқи амалии номгӯи тадбирҳое, ки 17 март барои баланд бардоштани устувории иқтисоди кишварҳои узви иттиҳод, аз ҷумла таъмини суботи макроиқтисодӣ тасдиқ шудаанд, идома доранд.
Ба масъалаи васеътар истифода бурдани асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва даст кашидан аз истифодаи доллар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Гузашта аз ин ҳатто пеш аз ҷорӣ кардани чораҳои бесобиқаи маҳдудкунандаи Ғарб алайҳи низоми молиявию бонкии Русия ҳиссаи пулҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи кишварҳои ИИАО аз 70% гузашта буд.
Дар мавриди афзоиши интиқоли нерӯи барқи Русия ба кишварҳои узви ИИАО бошад, мо омодаем, ки дар сурати таваҷҷуҳи муносиби шарикони мо ин масъаларо баррасӣ кунем.
- Оё дигар кишварҳо хоҳиши пайвастан ба ИИАО ё гирифтани мақоми нозир дар онро изҳор кардаанд? Оё дар ин бобат дар кишварҳои шӯравии собиқ, дар Осиё, дар қитъаи Африқо талоше сурат гирифтааст?
- Тавсеаи доимӣ ҳеҷ гоҳ барои ИИАО ҳадаф набуд. Кишварҳои аъзои ИИАО манфиатҳои муайяни амалиро ба роҳбарӣ мегиранд, ки ҷамоҳири мо аз амиқ гардондани ҳамоиши иқтисодӣ ба даст меоваранд. Ин афзоиши савдои байниҳамдигарӣ, такмили сохтори он аз ҳисоби зиёд шудани молҳои дорои арзиши баланди иловашуда, барҳам додани монеаҳо дар ҳаракати сармоя, хидматрасонӣ, захираҳои корӣ, ба таври куллӣ мустаҳкам гардидани суботи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Манфиатдорӣ ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ бо иттиҳод тайи солҳои охир на танҳо аз ҷониби шарикони мо дар ИДМ, балки аз ҷониби кишварҳои хориҷии дур низ баён шудааст.
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ дониста шуд
Дар робита ба ин, ИИАО аз шарикии муколама фаъолона истифода мебарад, ки он ҳамкории умумӣ ё мураккабро бо мақомоти болоии иттиҳодия - Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар назар дорад ва метавонад бо ёддошти ҳусни тафоҳуми ҳамкории байни ИИАО ва тарафи сеюм амалӣ карда шавад.
Ин формат қабули уҳдадориҳои ҳуқуқиро дар бар намегирад, балки барои баррасии вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди он, масъалаҳои танзими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули иттилоот ва ғайра замина фароҳам меорад.
Шакли муколама бо шарикони хориҷӣ имкон медиҳад, ки сохтор ва механизми фаъолияти ИИАО, тартиби қабули қарорҳо дар иттиҳод, инчунин робитаи мустақими ҷанбаҳои гуногуни танзимро, ки ба салоҳияти ИИАО дахл доранд, омӯзанд.
Тавассути комиссия зиёда аз 70 ҳамин гуна меморандум, аз ҷумла бо як қатор кишварҳои Африқо, Осиё ва ассотсиатсияҳои минтақаӣ, аз ҷумла АКҶШО (АСЕАН), Иттиҳоди Африқо, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Марокаш, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Таиланд ва ғайра ба имзо расидаанд ва амалӣ карда мешаванд. Муассисаи нозирони назди ИИАО, ки аз соли 2018 таъсис ёфтааст, як воситаи муассири таҳкими робитаҳои иқтисодии хориҷӣ мебошад.
Дар марҳалаи ташкили иттиҳодия тахмин карда мешуд, ки мақоми нозир як навъ марҳалаи тайёрӣ барои ҳамкории зичтар бо иттидодия, платформаест, ки дар он номзадҳои потенсиалии узвият кори иттиҳодияро аз дохил меомӯзанд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи пайвастани ҳамсояҳои наздиктарини мо аз фазои ИДМ, ки як ҷомеаи минтақаию таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, мерафт.
Дар ин самт аллакай баъзе пешрафтҳо ба даст омадаанд, ду кишвари ИДМ ин мақомро гирифтанд. Молдов аз 14 майи соли 2018 ва Узбакистон аз 11 декабри соли 2020 ба ин мақом расиданд. Нозири сеюми иттиҳод Ҷумҳурии Куба аз 11 декабри соли 2020 аст.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Матвиенко аз кӯшишҳои Ғарб барои заифсозӣ ва ташкили "инқилобҳои ранга" дар ИДМ хабар дод
Мо чунин мешуморем, ки тамаркузи саъю кӯшишҳо барои зиёд кардани шумораи нозирони "муттаҳид" ва номзадҳои эҳтимолӣ барои шомил шудан ба ИИАО аз доираи ҳамсояҳои наздиктарин аз кишварҳои ИДМ муҳим аст.
- Имсол мо 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро бо ҳамаи мамлакатҳои ИДМ қайд мекунем. Мо аз нуқтаи назари ҳамкорие, ки дар ин муддат дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шуда буд, ба ин ҷашн бо кадом муваффақият наздик шуда истодаем?
- Охири соли гузашта ва ибтидои имсол, дар ҳақиқат, як катор воқеаҳои барҷастаи сиёсати берунӣ буданд. Сухан на танҳо дар бораи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва кишварҳои ИДМ меравад, балки дар бораи солгарди таъсиси худи иттиҳод, ки мо моҳи декабри соли 2021 онро ҷашн гирифтем, меравад.
Ташкил ва инкишофи ИДМ ба давраи ниҳоят душвори таърихи умумии мо рост омад. Дар он замон рафъи оқибатҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, пешгирӣ аз канда шудани робитаҳои гуногунҷанбаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ва пайдо кардани модели оптималии шарикии баробарҳуқуқи давлатҳои тозаистиқлол муҳим буд. Ташкили ИДМ ба амалӣ гардидани ин максадҳо ёрии калон расонд.
Контейнерный терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ қариб 50% афзоиш ёфтааст
Иттиҳоди Давлатӣ дар давоми 30 соли мавҷудияти худ роҳи дуру дарозеро тай карда, на танҳо ба минбари маъмули муколамаи сиёсӣ табдил ёфт, балки доираи фаъолияти амалии худро хеле васеъ кард. Имрӯз ҳамкории давлатҳои аъзо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳифзи њуқуқ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, илму маориф, тандурустӣ, амният ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Алоқаи зич дар соҳаи ҳамкориҳои парлумонӣ давом дорад. Зиёда аз 630 шартномаи байналхалқӣ қабул карда шудааст, ки 568-тои он эътибор доранд. Бо итминон метавон гуфт, ки аз лиҳози гуногунии самтҳои ҳамкориҳо ва теъдоди ширкаткунандагон дар минтақаи АвруОсиё алтернативаи воқеии иттиҳод вуҷуд надорад. Гузашта аз ин маҳз ИДМ асоси пайдоиши иттиҳодияҳои нави ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ - СПАД, ИИАО, Давлати Иттиҳодияи Русия ва Беларус гардид.
Ҳуҷҷати стратегӣ дар самти тиҷоратию иқтисодӣ Созишномаи минтақаи озоди савдо мебошад, ки аз соли 2011 эътибор дорад. Дар асоси он режими мукаммали савдои озоди молҳо амал мекунад, ки он нисбат ба истеҳсолкунандагони миллӣ табъиз накардани субъектхои хоҷагидори мамлакатҳои ИДМ-ро таъмин менамояд.
Музокирот дар бораи лоиҳаи Созишномаи савдои озоди хидматрасонӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба рақамисозии иқтисодҳо, масъалаҳои иқлим ва ғайра низ зиёд карда мешавад. Намунаи хуби кори ҳамоҳангшудаи кишварҳои ИДМ ҳамкориҳои мутақобила дар давраи COVID-19 буд.
Руки пожилого мужчины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Русия ният дорад, аз Созишномаи кафолати нафақа барои шаҳрвандони ИДМ хориҷ шавад
Иттиҳод ба ин даъват зуд вокуниш нишон дода, ба ҳамоҳангсозии тадбирҳои мушаххас барои пешгирии пандемия ва то ҳадди ақал кам кардани оқибатҳои он шуруъ намуд, табодули пуршиддати иттилоот, таҷриба, корҳои илмию методиро ташкил намуд.
Дар шароите ки вокуниши фаврӣ ба муҳити зудтағйирёбандаро тақозо мекард, муҳим буд, ки ҳатто то оғози пандемия дар байни кишварҳои ИДМ ва ниҳодҳои ҳамкории мустақим дар соҳаи тандурустӣ заминаи устувори шартномавӣ ташаккул ёбад.
Яке аз авлавиятҳои Русия дар ИДМ таҳкими ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ мебошад. ИДМ ҳар сол аз рӯи проблемаҳои актуалии байналхалқӣ ҳуҷҷатҳои қабул мекунад, ки мавқеъҳои ягонаи кишварҳои узвро баён мекунанд. Дар соли 2021 бо ибтикори Русия як қатор чунин изҳоротҳо ба тасвиб расид - дар бораи таҳкими нақши ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ, муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, кафолати соҳибихтиёрии интихобот ва ғайра.
Инкишофи муносибатҳои умумӣ ба проблемаҳои муҳимтарин ба мамлакатҳои ИДМ имкон медиҳад, ки ҳамчун гурӯҳи ҳамфикрҳо амал, дар арсаи ҷаҳон, дар навбати аввал дар СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ якдилона баромад кунанд.
Ин аз он далолат мекунад, ки иттиҳод дар шароити кунунии душвори геополитикӣ ва иқтисодӣ, афзоиши чолишҳои анъанавӣ, зуҳури чолишҳои нав ва таҳдидҳои нав ҳамчун минбари калидии муколамаи байни ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ, минбари рушди иттиҳодияҳои ҳамгироии пешрафта боқӣ мемонад.
Дар шароити кунунӣ механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи амният ва ҳифзи сарҳадҳои беруна, ки дар доираи ИДМ ташаккул ёфтаанд, аҳамияти хоса доранд. Бо сабабҳои маълум ин соҳаи ҳамкорӣ камтар расонаӣ мешавад, аммо аҳамияти он мунтазам меафзояд.
Ин тамоюл махсусан дар пасманзари тағйироти куллӣ дар Афғонистон, ки ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад, инчунин дар партави кӯшишҳои давомдори ИМА ва муттаҳидони он барои таҳмил кардани таҷрибаҳои худ зоҳир гардид.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Лавров: Истиқрори зерсохторҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
Ғарб ба таври рӯшан кӯшиш мекунад, ки раванди ҳамгироӣ дар ИДМ-ро халалдор созад. Дар ин шароит ба воқеияти муосир мутобиқ кардани механизмҳои мавҷудаи амният дар ИДМ, кор дар дар доираи иттиҳод бо СПАД ва СҲШ муҳим аст. Чунин чорабиниҳо идома доранд.
Рушди механизмҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ - системаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ, системаи ягонаи алоқаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, системаи ягонаи давлатии шиносоии радарҳо идома дорад. Раёсатҳои мудофиаи кишварҳои ИДМ машқҳои муштарак, мусобиқаҳо, ҷамъомадҳои таълимӣ ва таълими фармондеҳию ситодҳоро мегузаронанд.
Масъалаи муҳоҷират низ бо сабабҳои маълум дар ИДМ яке аз ҷойгоҳҳои афзалиятнокро ишғол мекунад. Он ҷузъи башардӯстона дорад ва бевосита ба манфиатҳои шаҳрвандон дахл дорад. Охир, ангезаи асосии дар як иттиҳод муттаҳид намудани мамлакатҳои мо майлу хоҳиши халқҳои онҳо барои нигоҳ доштани умумияти маънавӣ-таърихӣ, робитаҳое, ки дар солҳои шӯравӣ ба вуҷуд омаданд, барои таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ буд.
Дар ибтидои солҳои 90-ум дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ мақомот ва механизмҳои зарурии соҳавӣ таъсис дода шуда, заминаи ҳуқуқӣ барои доираи васеи масъалаҳо: ҳифзи иҷтимоии коргарон ва тартиби интиқоли маблағҳои шаҳрвандон шароит фароҳам оварда шуд.
Дар охири солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба миён омад ва сиёсати муҳоҷират бо мушкилоти таъмини амният робитаи зич пайдо кард. Аз ин рӯ зарурати ташаккули заминаи ҳамаҷонибаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар масъалаи табодули маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави онҳо ба миён омад.
Сипас дар самти ташаккули бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои васеъмиқёсе анҷом дода шуда, бори аввал созишномаи бисёрҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ба имзо расид.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Пандемия масъалаи навсозии заминаи ҳуқуқии дар замони мавҷудияти иттиҳод дар ин самт ташаккулёфтаро тасреъ кард. Айни замон сиёсати муҳоҷират таҳти таъсири чунин омилҳо, ба мисли нарасидани захираҳои меҳнатӣ, зарурати такмили минбаъдаи низоми ҳамгироӣ ва мутобиқсозии муҳоҷирон, рушди хадамоти рақамӣ, ки ба ин тоифаи аҳолӣ марбут аст, қарор дорад.
Татбиқи муқаррароти қонунӣ бо чунин чолишҳо, тавофуқ бо шарикони ИДМ дар бораи равишҳои возеҳу замонавии вокуниши муштарак ба онҳо муҳим аст ва фаромӯш набояд кард, ки давлатҳои мабдаи муҳоҷирони меҳнатӣ назди шаҳрвандонашон масъулияти муайян доранд.
Барои иҷрои ин вазифаҳо бо ибтикори Русия соли гузашта раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират баёнияеро тасвиб карданд.
Лентаи хабарҳо
0