Эълони ҳукми ҷавоне барои куштори "маъшуқ"-аш дар Ваҳдат

CC BY 2.0 / tanjila ahmed / take me...Насилие, архивное фото
Насилие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Ҷавоне, ки барои таҳқиру шаппотӣ ва паст задани шаъну шарафаш ҳамхобаашро ба қатл расонд, равонаи зиндони низомаш сахт гардид
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳукми сокини маҳаллӣ Юлдошзода Манучеҳри 23-соларо бо ҷурми одамкушӣ содир кард.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юлдошзода тахминан моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Шарипова Дилороми 51-сола шиносои пайдо карда, бо номбурда ба ивази маблағи 160 сомонӣ дар манзили истиқоматиаш алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Пас аз чанд рӯз ин мард боз ба Шарипова барои муносибатҳои маҳрамона пул пешниҳод карда, ба ӯ 150 сомонӣ додааст.
Ҳангоме онҳо ба хонаи Шарипова омаданд, Юлдошзода занро барои бӯи машруботи спиртӣ карданаш сарзаниш намуда, ӯро эрод гирифтааст, аммо зан аз ин ба қаҳру ғазаб омада, ба рӯи номбурда як шаппотӣ зада, бо алфози қабеҳ ӯро дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Куштори ошиқ аз дасти маъшуқ дар Душанбе: ҳар ду соҳиби оила буданд - видео
Сипас Юлдошзода бо баҳонаи эҳсос накардани бӯи шароб даҳони Шариповаро баста, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардаву сипас бо рӯймол занро бӯғӣ кардааст.
Ҳамчунин Юлдошзода баъди бовар ҳосил кардан, ки зан ба ҳалокат расидааст, хонаро кофта 150 сомонӣ пули додаашро мегирад.
Баъдан ҷинояткор боздошт ва нисбати ӯ бо моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ҳамин тариқ бо ҳукми суди шаҳри Вахдат Юлдошзода Манучеҳр ба муҳлати 10 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш сахт гардид.
Лентаи хабарҳо
0