Ҳукумати Суғд коргар меҷӯяд: маош ва шарти қабул ба вазифа

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба онҳое, ки тибқи озмун дар ҳукумат ба кор қабул мешаванд, маоши мансабӣ ва иловапулӣ барои собиқаи давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд барои ишғоли 10 мансаби маъмурии давлатии холӣ озмун баргузор мекунад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бар пояи иттилои манбаъ, довталабон аз тариқи озмун ба вазифаҳои сармутахассиси шуъбаҳои иттилоот, маъмурию ҳуқуқӣ, кадр, ҳифзи иҷтимоӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва идораи фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд қабул мешаванд.

“Ба иштирокчиёни дорои таҳсилоти олии ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва идоракунии давлатӣ бартарӣ дода мешавад”, – шарҳ медиҳад котиби матбуотӣ.

Донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисро ба танзим медорад ва инчунин доштани малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ аз шартҳои дигари пазириши довталабон ба кор гуфта мешавад.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Тағйироти кадрӣ дар Исфара: Таъйини ду муовини нави Баҳодурзода бо розигии Президент
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ҳукумати ин вилоят, ҳаҷми маош барои мутахассисоне, ки дар идораҳои иттилоот, маъмурию ҳуқуқӣ, кадр, ҳифзи иҷтимоӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва фарҳанг дар ҳукумати Суғд қабул мешаванд, аз 800 то 1186 сомонӣ аст ва иловапулӣ барои собиқаи давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохт мешавад.
Лентаи хабарҳо
0