Номҳои мутасаддиёни амрикоии озмоишгоҳҳои биологии Украина расонаӣ шуданд

© Sputnik / Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксЗнак на двери биологической лаборатории
Знак на двери биологической лаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сардори нерӯҳои ПТКБ-и Русия гуфт, артиши Русия номи кормандони амрикоиву аврупоии Маркази илмию технологии Украина (МИФУ)-ро, ки ба манфиати барномаи биологии низомии ИМА кор мекарданд, кашф кардааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазорати дифои Русия асомии муттасадиёни амрикоӣ ва аврупоии Маркази илмӣ ва фанноварии Украинаро кашфу расонаӣ кардааст, иттилоъ медиҳад РИА "Новости".
"Вазифаи мудири иҷроияи МИФУ-ро шаҳрванди ИМА Кертис Белаяч бар уҳда дорад. Ӯ 27 августи соли 1968 дар Калифорния таваллуд шуда, дар Донишгоҳи менеҷменти Калифорния таҳсил кардааст. Вай дараҷаи магистр дар соҳаи молияи байналмилалӣ дорад ва дар Украина аз соли 1994 ба ин сӯ кор мекунад,"- гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори нерӯҳои Падофанди ташаъшуӣ ва кимиёию биологии Русия.
Раиси Раёсати МИФУ аз ҳисоби нерӯҳои Иттиҳоди Аврупо Эдди Артур Майер мебошад. Аз ИМА кори ин марказро Фил Доллиф, ки дар Департаменти давлатӣ вазифаи муовини мушовири котиби амнияти байналмилалӣ ва барномаҳои паҳн накардани силоҳи ҳастаиро дорад, назорат мекунад.
Хроленко рассказал, как уничтожается оружие НАТО на Украине
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Русия силоҳҳои НАТО-ро дар Украина чӣ гуна нобуд мекунад - видео
Тавре Кириллов таъкид кард, ҳуҷҷатҳое, ки Вазорати дифоъ дарёфт кардааст, иртиботи МИФУ бо Пентагон тавассути “Black & Veatch”, пудратчии асосии Департаменти низомии Амрикоро тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла Маскав мукотибаи ноиби президенти ин ширкат Мэттю Вебберро дар ихтиёр дорад, ки дар он омодагии худро барои ҳамкорӣ бо МИФУ дар таҳқиқоти ҳарбии биологӣ дар Украина изҳор мекунад.
Аз соли 2014 МИФУ беш аз 500 лоиҳаро дар Украина, Гурҷистон, Молдова ва Озарбойҷон пиёда кардааст.
Ба гуфтаи Кириллов, дар солҳои ахир Иёлоти Муттаҳида барои фаъолияти ин марказ беш аз 350 миллион доллар масраф кардааст, ки тибқи асноди оинномааш, ҳамчун як созмони байналмилалии байниҳукуматӣ фаъолият мекунад ва дар назари аввал ин марказ ба Пентагон рабте надорад. Вазъи ҳуқуқии МИФУ бо созишномаи байни ҳукуматҳои Украина, Канада, ИМА ва Шветсия аз 25 октябри соли 1993 муайян карда мешавад.
"Дар баробари ин Маркази коршиносии таҳдидҳои кимиёӣ ва биологии Вазорати дифои Русия муайян кардааст, ки фаъолияти асосии МИФУ ҳамчун маркази тақсими грантҳо барои гузаронидани тадқиқоти мавриди таваҷҷуҳи Пентагон, аз ҷумла дар соҳаи яроқи биологӣ пешбинӣ шудааст", — гуфт Кириллов.
Мизоҷон ва сарпарастони МИФУ аз тарафи ИМА Департаменти давлатию Пентагон мебошанд ва маблағгузории он инчунин тавассути Агентии ҳифзи муҳити зист, Департаменти кишоварзӣ, тандурустӣ ва энергетикаи ИМА сурат мегирифт.

"Мутасаддиёни амрикоӣ пеш аз ҳама ба таҳқиқоти дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карданд: масалан, лоиҳаи 6166 "Таҳияи технологияҳо барои моделсозӣ, арзёбӣ, пешгӯии таъсири низоъҳо ва таҳдидҳои паҳншавии силоҳи қатли ом", лоиҳаи 9601 "Интиқоли технологияҳои украинӣ барои истеҳсоли маводи мураккаби дорои корбурди дугона ба Иттиходи Аврупо” ном дорад", - афзуд Кириллов.

Вай тасреҳ кард, ки бисёре аз таҳқиқотхо ба омӯзиши яроқи биологӣ ва уфунатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ дорои аҳамияти бузург, ба монанди зукоми паранда ва вабои хуки африқоӣ бахшида шудаанд. Лоиҳаҳои P-364, 444 ва 781, ки ба омӯзиши паҳншавии уфунатҳои хатарнок тавассути ҳашарот, паррандагони ваҳшӣ ва кӯршапаракҳо марбутанд, ба манфиати Департаменти низомии ИМА маблағгузорӣ карда шудаанд.

Барномаи ҳарбии биологии Пентагон

Тавре қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, Иёлоти Муттаҳида барои кори озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина беш аз сад миллион доллар сарф кардааст, ки вориди барномаи биологии низомии Амрико мешуд.
Дар маҷмуъ, ин шабака аз беш аз 30 муассиса иборат буд, ки ба манфиати Пентагон кор мекунад. Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия ҳама чизи марбут ба барномаи Амрико дар ин хусус аз Украина берун карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0