Чаро Нораку Панҷ нақшаи ҷамоварии андозро иҷро накарданд?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки дар се моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷетро шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пурра иҷро карда натавонистанд ва ба ҳамин далел аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 8,4 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидаст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раёсати андози вилояти Хатлон хабар додаааст, ки дар шаҳри Норак нақшаи қисми даромади буҷет дар ин давра 72 дарсад иҷро гардидаасту халос, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, ба сабаби пурра иҷро нашудани ҷамоварии андоз ба буҷет 8 миллиону 107,7 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ноҳияи Панҷ нақшаи қисми даромади буҷет 93,5 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 705,6 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Ҳисоби ҷарима ва боҷу андоз дар Тоҷикистон аз оғози соли 2022 зиёд мешавад: Чӣ қадар?
Дар ҳамин ҳол аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ хабар доданд, ки дар се моҳи соли равон аз ҳисоби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба мабалағи 7,9 миллион сомонӣ таъмин нагардид.

“Дар маҷмуъ аз ҳисоби сифатнок таъмин нагардидани андозҳо ба буҷети маҳаллӣ 25,8 миллион сомонӣ ворид карда нашудааст”, – иттилоъ додааст Сарраёсати молияи вилоят.

Инчунин бино ба маълумоти Раёсати андози вилояти Хатлон, дар умум қисми даромади буҷети вилоят давоми се моҳи соли 2022-ум 101,8 дарсад, яъне 472 миллиону 767 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 481 ҳазору 425,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, ба буҷет 8 миллиону 658,7 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд ворид гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0