Раҳмон сафарашро ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи "ТАлКо Голд" оғоз кард

© Пресс-служба Президента РТРахмон на открития завода "Талко Голд"
Рахмон на открития завода Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози сафари кориаш ба вилояти Суғд нахуст корхонаи маъдантозакунии корхонаи “ТАлКо Голд”-ро мавриди истифода қарор дод
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар додааст, Эмомалӣ Рамҳмон, роҳбари Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд сафр кардааст.
Таъкид шудааст, ки сафари кории президент аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Нахуст раисҷумҳур ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАлКо Голд”-ро ифтитоҳ кард.
Тоннель на строительстве Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
“Бо таҷҳизоти №1”: “ТАлКо голд” ба кор шуруъ мекунад
Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхонаи “ТАлКо Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

“Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи филизоти тило 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад”, - хабар додааст манбаъ.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад.
Манбаъ илова кардааст, ки аксари кормандони ин корхонаи навро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Раҳмон: Дар Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал таъмин кунед
Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан аз тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тило ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки президенти кишвар 24 июни соли 2018 оғоз гардида буданд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур зикр кардааст, ки давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ, коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллию таъсиси ҳазорон ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0