Русия силоҳҳои НАТО-ро дар Украина чӣ гуна нобуд мекунад - видео

Обуна шудан
Таҳтилгар тактикаеро таҳлил кард, ки артиши Русия бо он ба безараргардонии силоҳҳои ғарбӣ наздик мешавад
Киев ҳамарӯза аз тариқи НАТО миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мегирад, ки низомиёни Русия аксари онҳоро дар қаламравҳои озодшудаи ин кишвар пайдо мекунанд.
Дар бораи он ки чӣ гуна қувваҳои мусаллаҳи Русия алайҳи силоҳҳои ғарбӣ меҷанганд, Sputnik аз коршиноси низомӣ Александр Хроленко пурсид.
Ба андешаи ӯ, артиши Русия бо аслиҳаи Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ самаранок меҷангад, ки дар гузоришҳои ҳаррӯзаи Вазорати дифоъ дида мешавад.

"Ҳар саҳару шом мо дар бораи хароб шудани ду анбори лавозимоти ҷангӣ мешунавем, яъне агар дар як рӯз 2-3 анбор хароб шавад, дар тӯли 50 рӯз беш аз 150 анбори онҳо нобуд хоҳад шуд", - қайд кард таҳлилгар.

Хроленко ёдовар шуд, ки чӣ гуна як маркази таълимӣ бо як арсенал дар натиҷаи зарбаи мушакӣ дар ноҳияи Явровский нобуд, баъдан як анбори муҳофизатшаванда бо кумаки мушаки мофавқуссавти "Кинжал" хароб карда шуд ва базудӣ дар саросари Украина безарар гардонидани объектҳои дорои силоҳ оғоз шуд.
Тибқи мушоҳидаҳои коршинос, қувваҳои мусаллаҳи Русия бештар техникаро дар 3 марҳила нобуд мекунанд: дар роҳ, аз сарҳад то анборҳо, ҳангоми нигоҳдорӣ ва дар ҷойҳои ҷойгиркунӣ.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайн тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0