Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Русия тести беназир барои COVID пайдо шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкXIV Евразийский экономический форум в Вероне
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Тести нав метавонад бемории коронавирусро дар марҳилаи аввал ошкор кунад. Ин навгонӣ кори табибонро даҳчанд осон мегардонад
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. "Роспотребнадзор" як озмоиши нодиреро ба қайд гирифтааст, ки ошкоршавии сареи коронавирусро таъмин мекунад, гуфта мешавад дар вебсайти агентӣ.
"Нахустин озмоиши изотермиии "AmpliSens" SC2-IT дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд, ки ҳадафи он ошкор кардани ду геноми вируси SARS-CoV-2 мебошад.Таҳияи нав ошкоршавии зуди вирусро таъмин мекунад ва эҳтимоли пайдо шудани натиҷаи манфии бардурӯғро ба таври назаррас коҳиш медиҳад", - гуфт "Роспотребнадзор".
Масочный режим  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Роспотребнадзор" аз лағви бармаҳали маҳдудиятҳои ковидӣ ҳушдор дод
Натиҷаҳои санҷиши нав пас аз 20-25 дақиқа дастрас мешаванд, дар ҳоле ки санҷишҳои класикии ПСР натиҷаро пас аз якуним соат муайян мекунанд.
Ҳамзамон навъи якуми тест, ки моҳи июни соли 2021 ба қайд гирифта шудааст, ҳама гуна штамҳои коронавирусро зуд ошкор мекунад. Ҳамин тариқ, маҷмуи нави реактивҳо дар ҳолати мутатсия ҳамчун захира ҳисобида мешаванд.
"Тест барои истифода дар заминаи инфрасохтори ташхиси лабораторӣ, ки дар кишвар мавҷуд аст, комилан мутобиқ аст", - қайд мешавад дар хабари ин ниҳод.
Дар ин идома "Роспотребнадзор" зикр намудааст, ки "ҳассосияти бештар, суръати таҳлил ва мавҷудияти ду ҳадаф дар маркази санҷиш имкон медиҳад, ки паҳншавии COVID-19 бомуваффақият назорат шуда, беморони сироятшуда дар марҳилаи аввали беморӣ муайян ва натиҷаҳои манфии бардурӯғ ба ҳадди ақал расонида хоҳад шуд".
Қаблан бо қарори мири шаҳри Маскав Сергей Собянин сар аз 15 март низоми ниқобпӯшӣ лағв гардид.
Раиси "Роспотребнадзор" гуфт, пандемияи коронавирус поён наёфтааст
Собянин тасмимашро чунин шарҳ дод, ки вазъи эпидемиологӣ дар пойтахти Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ин қарори деринтизор қабул карда шуд.
Аммо роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова изҳор карда буд, ки пандемияи коронавирус дар Русия поён наёфтааст ва вазъро набояд анҷомёфта ҳисобид.
Лентаи хабарҳо
0