Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин роҳи оҳан месозанд

© AP / Michael ProbstЖелезная дорога среди затопленной местности в Германии
Железная дорога среди затопленной местности в Германии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Обуна шудан
Ба таъкиди мақомдори Қирғизистон, ҳамаи масъалаҳои бунёди долони нави автомобилӣ амалан мувофиқа шудааст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин як долони нави нақлиёти автомобилиро омода мекунанд ва тақрибан дар ҳама масоили вобаста ба бунёди роҳи оҳани муштарак ба мувофиқа расидаанд.
Дар ин бора Оқилбек Жапаров, раиси Ҳукумати Қирғизистон дар маросими ифтитоҳи Хазинаи рушди Ӯзбекистону Қирғизистон хабар дод.
Ӯ гуфт, Қирғизистон омодааст, ҳамчун пули транзитӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амал кунад.
Сармояи оинномавии Хазинаи рушди Ӯзбекистону Қирғизистон 50 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар оянда сармояи он ба 200 миллион доллар расонда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Тоҷикистону Ӯзбекистон низ масъалаи сохтмони роҳи оҳанро баррасӣ карда буданд. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд,
Товарный поезд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Мизони интиқоли бор аз тариқи қатораҳо коҳиш ёфтааст: шарҳи масъулини “Роҳи оҳан”
масъалаи сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо Ӯзбекистон баррасӣ шуда истодааст.
Ӯ афзуд, интизор меравад, роҳи оҳани Самарқанд ба Тоҷикистон пайваст шавад ва ҳудуди 4 километр ба қаламрави шаҳри Панҷакент дарояд.
“Ин масъала дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ҳам дар Тошканд ва ҳам дар Душанбе, ки мо ҳам иштирок доштем, баррасӣ шуд”, - изҳор карда буд вазири нақлиёт.
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, роҳи оҳани мазкур аз ҳисоби худи соҳибкорон, ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Ӯзбекистон амалӣ карда шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар ин тарҳро таъминот бо бор гуфта буд. Ӯ тавзеҳ дод, гап ҳам сари боркашонӣ ва ҳам мусофиркашонӣ меравад.
Лентаи хабарҳо
0