"Биг-бег"-ҳои Тоҷикистон дар Русия харидор ёфтаанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМастер шьет на швейной машинке
Мастер шьет на швейной машинке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Корхонаи "Суғдпак", ки тавлиди халтаҳои гуногун дар шимоли Тоҷикистонро ба роҳ мондаст, маҳсулоташро ба Русия содир мекунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон марҳилаи сеюми корхонаи тавлиди халтаҳои калонҳаҷми "Суғдпак"-ро дар шаҳри Бӯстон оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ роҳандозӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки худи корхона коркарди ашёи хом то тавлиди маҳсулоти ниҳоиро амалӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, ки муассис ва соҳибкорони ҷамъияти "Суғдпак" дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ карда, ба Русия низ содир менамоянд.

"Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ - Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содир мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст", - омадаст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави "Суғдпак" 150 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор таъмин шудаанд.
Дар фаъолсозии марҳилаи сеюми корхона, масъулин ба раисҷумҳур иттилоъ додаанд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ бо иқтидори 400 ҳазор халтаи калонҳаҷм дар 1 сол фаъол шуд.
Реконструкция трассы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Теъдоди корхонаҳои асфалтбарорӣ дар Суғд ба 14 адад расид
Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати "Суғдпак" тавсиф карда, саҳмашонро дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар шоиста хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон санотикунонии кишварро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ муайян кардааст. Дар ин самт солҳои 2022-2026 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди саноат эълон гардида, тайи ин муддат фаъолсозии ҳазорҳо корхонаю коргоҳ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0