Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳушдори Русия аз афзоиши мушакборони Киев

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкИспытания новой ракеты системы ПРО
Испытания новой ракеты системы ПРО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Русия таъкид намуд, ки ба иғвоҳои нерӯҳои низомии украинӣ аз тариқи зиёд кардани партоби мушакҳо ба иншоот дар шаҳри Киев посух хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия аз оқибати амалиёти тахрибкорӣ ва ҳамлаҳои хусусияти террористидоштаи ҷониби Украина ба қаламрави ин кишвар ҳушдор дод.
Русия ба иғвоҳо дар қаламраваш аз сӯйи мақомоти Украина посух хоҳад дод, изҳор дошт Игор Конашенков, намояндаи Вазорати мудофиаи ФР.

"Дар посух ба ҳар амалиёти тахрибкорӣ ва ҳамлаҳои хусусияти террористидоштаи низоми Киев ба қаламрави Русия теъдод ва фарогирии зарбаҳои мушакӣ ба иншоот дар ин кишвар афзоиш хоҳанд ёфт", - таъкид намуд ӯ.

Мақомоти мудофиаи Русия таъкид намуданд, ки шаби гузашта корхонаи мошинсозии "Визар", дар наздикии шаҳри Киев ҳадафи зарбаи мушакии "Калибр" қарор гирифт. Бо ин зарба коргоҳҳои тавлиду таъмини маҷмаи мушакҳои зенитӣ корношоям шуданд. Дар маҷмуъ 13 зерсохти низомӣ дар навоҳиии гуногуни Украина ҳадафи нерӯҳои Русия қарор гирифтаанд.
Хроленко рассказал, как уничтожается оружие НАТО на Украине
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Русия силоҳҳои НАТО-ро дар Украина чӣ гуна нобуд мекунад - видео
Инчунин зикр шуд, ки низоми мудофиаи ҳавоии С-400 дар наздикии Чернигов "Ми-8"-ро хароб кард, ки ба иттилои ин ниҳод, 14 апрел ба маҳаллаи истиқоматии Климово дар вилояти Брянск зарба зада буд. Дар минтақаи Лозоваяи вилояти Харков ҳавопаймои қиркунандаи Су-27 нобуд карда шудааст.
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, дар маҷмуъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ дар Украина 132 ҳавопаймо, 105 чархбол, 245 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 456 ҳавопаймои бесарнишин, 2213 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 249 адад ракетабаранда, 966 тӯпи саҳроӣ ва миномёт, инчунин 2110 адад мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0