"Изи мушаххаси онҳо". Пушти иғвоҳои зиддирусӣ кист?

© Министерство обороны УкраиныУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷонишини раиси Шӯрои федератсия дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфт, Ғарб дар Украина бо силоҳи кимиёӣ иғво омода мекунад, то артиши Русияро дар истифодаи он муттаҳам намояд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik, Андрей Котс. Вай муътақид аст, ки НАТО барои бадном кардани Маскав дар назари аврупоиҳо амрикоиҳо ва ҳамчунин таҳримҳои боз ҳам сахттарро асоснок кардан ба иғво ниёз дорад. Ба назари ҷонишини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачев, таҳдид комилан воқеӣ аст ва Брюсселу Вашингтон дар чунин "саҳнагузорӣ" таҷрибаи зиёд доранд.

"Хатти сурх"

Дар охири моҳи март Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико "дар сурати истифодаи Русия аз силоҳи кимиёӣ" имкони дахолати мустақими НАТО ба даргириҳои мусаллаҳона дар Украинаро пазируфт. Дарҳол ба ӯ садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг гуфтанд, ки истифодаи воситаҳои ҷанги кимиёӣ "хати сурх" аст ва пас аз он Ғарб "вокуниши шадид ва мутаносиб" нишон медиҳад.
Албатта, онҳо ваъда надоданд, ки сарбозонро ба Украина мефиристанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки даргирии мустақим бо Маскав метавонад ба ҷанги ҳастаӣ табдил ёбад. Бо ин ҳол Вошингтон ва Брюссел ба "истеҳсоли кимиёӣ" ниёз доранд, то таҳримҳоро ташдид ва фишори сиёсиву иқтисодиро афзоиш диҳанд.
"Дар кишварҳои ғарбӣ ҳар рӯз фишор аз дохил афзоиш меёбад. Вазъияти баде ба миён меояд, ки ин ҳам дар замоне ки таҳримҳое бояд иттихоз шаванд, ки худи онҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Бояд барои мардум дар ҷиҳати тавҷеҳи афзоиши мудовими қимати маводи аввалия ва бензин чизи ваҳшатнокеро тасвир кунанд", - мегӯяд Константин Косачев.
"Корт"-и кимиёӣ ва бактериологӣ асли мавриди алоқаи америкоиён ва ҳампаймонони онҳост. Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл, ки дар моҳи феврали соли 2003 дар СММ суханронӣ мекард, найчаи озмоишии дорои "басилҳои сиёҳзахм"-ро тақдим кард, ки баъд аз он ИМА ба Ироқ ҳамла кард. Дар натиҷа дар он ҷо яроқи қатли ом ёфт нашуд. Аммо иғвогариҳо дар СММ харобиҳои даҳшатовар ва садҳо ҳазор шаҳидро ба Бағдод таҳмил кард.

Дарси сурӣ

Силоҳи кимиёӣ тақрибан сабаби дахолати ҳамаҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ба Сурия дар тобистони соли 2013 гардид. Моҳи август дар Ғутаи Шарқӣ (дар канори Димишқ) афроди ношинос гази сорин пошида, аз 600 то 1300 нафарро куштанд. Амрикоиҳо ҳукумати Башор Асадро дар ин кор айбдор карда, таҳдид карданд, ки ба корхонаҳои дифоӣ ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ хоҳанд кард. Буҳрон ба шарофати дахолати Русия ҳал шуд: Маскав Димишқро мутақоид кард, ки зери назорати нозирони байналмилалӣ захираҳои маводи кимиёии ҳарбиро нест кунад.
То соли 2017 тамоми захираҳои расман эълоншудаи Сурия аз маводи заҳролуд нобуд карда шуданд. Аммо рӯзи 4 апрел дар шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб таркиши сорин ба амал омад. Он 89 қурбонӣ ва 550 захмӣ дар пай дошт. Намояндагони ташкилоти Ҷамъиятии "Кулоҳсафедон", ки онро аксарият шарикони ҷангҷӯён мешуморанд, ба матбуоти Ғарб дар бораи чор "таркиши фавкулодда ", ки ба лавозимоти ҳарбии махсуси ҳавоӣ хосанд, хабар доданд. Табиист, ки онҳо Асадро гунаҳкор карданд.
Военнопленным ВСУ оказывают помощь в Новоазовской ЦРБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Аввалин дастаи ҳазорнафарии асирон — оғози шикасти комили артиши Украина
Пас аз се рӯз киштиҳои нерӯи дарёии Амрико бо мушакҳои болдори "Томагавк" ба пойгоҳи ҳавоии “Шайрат” дар Сурия, ки гӯё ҳавопаймоҳои ҳомили бомбаи кимиёӣ аз он ҷо парвоз кардаанд, партоб карданд. Ҳодисаи Хон Шайхун ҳеҷ гоҳ таҳқиқ нашудааст. Шаҳодатҳои "Кулоҳсафедон"-ро, агар танҳо аз он сабаб боэътимод хисоб кардан мумкин нест, ки ин "ихтиёриён" ҳеҷ гоҳ мутахассиси силоҳи ҷанги кимиёӣ нестанд. Аммо онҳо мубаллиғҳои касбӣ ҳастанд, ки борҳо дар тирпаррониҳои саҳнасозишуда, сохтакорӣ ва дурӯғҳои рӯирост ба даст афтоданд.
Масалан, дар моҳи январи соли 2018, вақте ки ба гуфтаи худи ҳамон “Кулоҳсафедон”, дар як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳри Думаи Ғутаи Шарқӣ 13 ғайринизомӣ, аз ҷумла занону ноболиғон захмӣ шуданд.
Ҳамчун далел ВАО-и ғарбӣ якчанд видеои стандартиро нашр карданд: як кӯдак бо ниқоби оксиген, ки бо сабабҳои гуногун дар ҳар як расм дар дасти афроди мухталиф зоҳир мешуд ва як лавозимоти аҷиб бо пояи шишаӣ ва селиндраи зангорбаста ба ҷои кулоҳаки ҷангӣ намоиш дода шуд. Он ба хумпораандозе, ки террористон хеле моҳирона месозанд, хеле монанд буд, на ба хумпораи муқаррарии артиш.
Бо вуҷуди ин дар Ғарб ҳеҷ кас ба дурустии далели "Кулоҳсафедон" шубҳа надошт. Вашингтон ва Брюссел ҳар дафъа фишор болои ҳукумати Асадро афзоиш медоданд.

"Хисороти ҷонибӣ"

Аммо дар зародхонаҳои хадамоти махсуси Украина ва НАТО силоҳҳои тавонотар аз ҳамлаҳои кимиёӣ мавҷуданд. Аз оғози амалиёти вижаи Русия расонаҳои ғарбӣ мухотабро муътақид карданӣ мешаванд, ки "русҳои хунхор" дидаву дониста, ба биноҳои истиқоматӣ зарба зада, мардуми осоиштаро дар кӯчаҳо тирборон мекунанд. Далели он ки инфрасохтори шаҳрвандӣ мунтазам аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи Украина, баталони миллӣ ва махсусан мудофиа ҳадаф қарор мегирад, комилан нодида гирифта мешавад.
Украинские военные на танке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Артиши Украина хонаҳоро дар вилояти Брянск тирборон кард
Дар интернет далелҳои зиёде мавҷуданд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина қасдан тӯпхонаҳоро дар маҳалҳои истиқоматӣ ҷойгир мекунанд ва мардуми маҳаллиро ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд. Рӯшан аст, ба онҳо кураторҳои ғарбӣ, ки ба ҷанг дар кишварҳои хориҷӣ одат кардаанд ва бо тамасхур талафоти ғайринизомиёнро “хисороти ҷонибӣ” меноманд, таълим додаанд. Ҳавопаймоҳои амрикоӣ Мавсили Ироқ ё Раққаи Сурияро ба замин яксон карданд, аммо касе дар Ғарб даъват накард, ки Вашингтонро таҳрим кунанд.
Махсусан Бучаи Киев дар матбуоти Аврупо ва Америка васеъ “тасвир” шудааст. Ҷангиёни Украина рӯзи 3 апрел вориди шаҳр шуданд, ки ногаҳон дар кӯчаҳо даҳҳо ҷасади ғайринизомӣ, гӯрҳои дастаҷамъӣ, ҷасадҳои дорои аломатҳои шиканҷа ва дигар даҳшатҳоро пайдо карданд. Дар ин аъмоли ваҳшӣ дарҳол русҳо айбдор карда шуданд.

Ҷаълиҳои краматорскӣ

Бо вуҷуди ин коршиносон аз видеоҳои Буча, ки мақомоти Украина паҳн кардаанд, ҷанбаҳои аҷиберо кашф карданд. Аввалан, аз рӯи вазъи ҷасади мурдагон, онҳо ҳадди аксар ду рӯз пеш аз омадани артиши Украина кушта шудаанд. Сониян, аксари ҷасадҳо дар тан бинтҳои сафед доштанд - аломати мушаххасе, ки русҳо истифода мекарданд. Савум ин ки чанде аз "мурдагон"-и кадрҳои видеоӣ ҳаракат мекарданд. Чаҳорум, аксарияти ҷасадҳо бо як намуди либос пӯшида шуда буданд ва дар як қитъаи маҳдуди кӯча мехобиданд. Панҷум, рӯзноманигорони украинӣ, ки рӯзи 2 апрел аз Буча дидан карданд, дар бораи қатли ом хабар надоданд. Ва ин гуна номувофиқатиҳо зиёданд.
Дар Киев онҳо бо нигаронии зиёд натиҷаи набардҳо барои Донбассро интизоранд, - шарҳ медиҳад сиёсатшинос Андрей Суздалтсев.
"Украина ва Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунанд, ки амалиёти вижаро бо чунин иғвоҳои ошкор боздоранд. Ҳатто байни онҳо рақобат вуҷуд дорад, ки кӣ ин корро пеш аз ҳама иҷро мекунад. Барои амрикоиҳо нишон додани он ки ҷаҳони Ғарб ҳукмрон аст, ниҳоят муҳим аст. Ва онҳо як мақсад доранд — Русияро чун шайтон нишон додан", - афзуд ин коршинос.
На ҳамаи намоишҳоро бо натиҷаи дилхоҳ анҷом додан мумкин аст. Инак рӯзи 8 апрел нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск мушаки баллистикии "Точка-У" задаанд. Зиёда аз 50 кас халок шуд. Расонаҳои Украина ва Ғарб, албатта, Маскавро гунаҳкор карданд. Аммо аксҳои пораҳои мушак бо рақами силсилавии рӯшан дар матбуот паҳн шуданд. Маълум шуд, ки ин лавозимоти ҷангӣ аз арсеналҳои Украина будаанд.
Мақомоти НАТО ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо чанде пеш, тибқи меъёрҳои таърихӣ, аллакай марги оммавии одамонро ҳамчун баҳона барои муҷозоти "номатлуб" истифода кардаанд. Моҳи январи соли 1999 пулиси Югославия ба деҳаи Речаки Косово ҳамла карда, 45 ҷангҷӯро куштааст. Комиссияи ИА онҳоро ҳамчун ғайринизомӣ сабт кардааст. Дар амалиёти ҳавоии 78-рӯзаи НАТО ҳазорон нафар кушта шуданд, кишвар хароб гардид.
Сиёсатмадорон, идораҳои ҳарбӣ ва истихбороти Ғарб стратегияи хеле собите доранд. Агар ягон тактика, таҳрик ё саҳнасозие кор диҳад, шакке нест, ки аз он кор бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0