Кӯч ба Русия аз рӯи барномаи давлатӣ: тоҷикистониён пешсафанд

© SputnikМужчина с российским паспортом
Мужчина с российским паспортом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар феҳрасти хориҷиёне, ки тайи семоҳаи аввали соли равон аз рӯи Барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанҳо ба Русия омадаанд, тоҷикистониён аз ҷумлаи пешсафҳоянд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳудуди 27 ҳазор нафар дар 3 моҳи аввали соли равон хостори кӯч бастан ба Русия аз рӯи Барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанҳо шудаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Вазорати умури дохилии Русия хабар дода афзуд, ки аз шумораи мазкур 16 ҳазор нафар аллакай ба ФР омадаанд.
"Дар семоҳаи аввал 27 ҳазор ҳамватан хостори кӯч ба Русия шуда, аллакай 16 ҳазор нафар дар ФР қарор доранд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар феҳрасти пешсафҳо шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон ҷой гирифтаанд.
Сипас дар радаи хоҳишмандони кӯч ба Русия оилаҳое аз Ӯзбекистон, Молдова, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Украина мебошанд.
Дмитрий Полетаев: 
Мигранты в России социально не защищены - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Чӣ гуна бояд муҳоҷирон ба зиндагӣ дар Русия мутобиқ карда шаванд - видео
Бар асоси муқаррароти барномаи давлатӣ, ба шаҳрвандон хароҷоти сафар ба Русия ҷуброн карда мешавад ва дар марҳилаи аввал маблағи муайян пардохт мегардад.
Инчунин ин гуна муҳоҷирон аз рӯи ин барнома аз пардохтҳои гумрукӣ зимни вуруди молҳои истифодаи шахсӣ, аз ҷумла мошинҳо озод мебошанд. Онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бидуни патент ва муҷаввиз дар қаламрави Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.
Аз рӯзи аввали вуруд ба Русия барои иштирокдорони барномаи давлатӣ андозаи даромади шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 13% муқаррар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Барномаи давлатии мусоидат барои кӯчидани ихтиёрии ҳамватанҳо аз хориҷа ба Русия 22 июни соли 2006 аз сӯйи президент тасдиқ шуд. Барномаи мазкур барои афроде пешбинӣ гардидааст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар берун аз Русия монданд ва мехоҳанд, ба ин кишвар барои иқомати доимӣ бираванд.
Лентаи хабарҳо
0