Кумитаи андоз: Блогерҳои тоҷик беш аз 100 ҳазор сомонӣ андоз супориданд

© PixabayТелефон в руках, архивное фото
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз шаҳрвандон бидуни сабти расмӣ ва пардохти андоз, бо истифода аз интернет ба тиҷорату гирифтани даромад машғуланд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрел 725 субъекти тиҷорати электронӣ расман ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Собирҷон Исоев, мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Исоев, дар семоҳаи аввали соли равон 725 субъекте, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, ба буҷа 3,7 млн. сомонӣ пардохт кардаанд.
Дар баробари ин мақомоти андози Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 32 субъекти соҳибкорӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Дастури Раҳмон барои гузариш аз савдо бо пули нақд ба тиҷорати электронӣ
Таъкид шудааст, ки ин теъдоди блогерҳо расман ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар 3 моҳ 112,4 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷа пардохт намудаанд.
Собирҷон Исоев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз чораҷӯиҳо ва фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам шаҳрвандон бидуни гузаштан аз сабти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз шабакаи интернет машғул мебошанд.
Вай афзуд, ки чунин шахсон, тибқи талаботи моддаи 34-и Кодекси андоз, уҳдадоранд, худро ба қайд гиранду ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома кор кунанд. Дар ин ҳолат муваззафанд, дар бораи ҳаҷми муомилот ва даромадашон аз интернет ба мақомоти андоз эъломия пешниҳод намуда, андоз пардохт кунанд, афзуд Исоев.
Мақомдори андоз инчунин таъкид намуд, субъектҳои соҳибкорие, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми истифодаи меҳнати кироя уҳдадор мебошанд, аз аз маоши корманд низ андоз пардохт кунанд.
Лентаи хабарҳо
0