Матвиенко аз Чин даъват кард, ки масъалаи долларзудоии иқтисодро баррасӣ кунад

© Совет Федерации РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Шӯрои федератсия аз Чин ҳамчун шарики умдаи тиҷорати хориҷии Русия ном бурда даъват кард, ки масъалаи долларзудоии иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия аз вакилони парлумони Чин даъват кард, ки дар чаҳорчӯби кори комиссияи байнипарлумонии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия ва Конгресси умумиҷаҳонии намояндагони халқи ҶМЧ масъалаҳои табдили низоми пулӣ ва долларзудоии иқтисоди ҷаҳонро баррасӣ кунанд.
"Фикр мекунам, ки имрӯз масъалаҳои табдили низоми пулию қарзӣ ва раванди тезонидашудаи долларзудоии иқтисоди ҷаҳонӣ, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи киберамният метавонад ба мавзуъҳои муҳимтарини баҳс табдил ёбад", - гуфт вай рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо ҳамтои Чинияш Ли Чжаншу.
Ба гуфтаи Матвиенко, Чин ҳамчун шарики пешбари тиҷорати хориҷии Русия дар ҷойи аввал қарор дорад.
Доллар и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
Ӯ гуфт, гардиши савдои дуҷониба дар соли гузашта ба таври рекордӣ афзоиш ёфта, ба 140 миллиард доллар наздик шуд ва то соли 2024 ҳаҷми тиҷорати мутақобила ба 200 миллиард доллар афзоиш меёбад.
"Умедворам, ки дар суҳбати оянда мо дар бораи ҳаҷми муомилоти тиҷории мутақобилаамон, рақамҳоро бо юан ва рубл номбар мекунем", - таъкид кард Матвиенко.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз амалиёти вижаи Русия дар Украинаи ҷаҳони Ғарб ва ИМА алайҳи ин кишвар таҳримоти шадид ҷорӣ карданд.
Маскав барои ҷилавгирӣ аз ин таҳримот ба кишварҳои дӯсташ пешниҳоди муомилот бо пулҳои миллиро кард ва аз шарикони ғайридӯсташ тақозо кард, пули гази интиқолияшро бо рубл пардохт кунанд.
Барои муомилот бо асъорҳои миллӣ бузургтарин шарикони тиҷории Русия Чин ва Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Коршиносони аврупоӣ бар ин назаранд, ки дар сурати якҷо шудани ин се қудрат ягон таҳримашон ба Маскав натиҷа нахоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0