Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?

© Sputnik / Амир ИсаевАвтозаправка
Автозаправка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз болоравии якбора дар минтақаи шимолии ҷумҳурӣ коҳиши мунтазами арзиши гази моеъ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати гази моеъ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора сомонаи маҳаллии "Sugdnews" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир қимати ин навъи сӯзишворӣ боз 20 дирам арзон шудааст.
Ҳамин тавр рӯзи 15 апрел гази моеъ бо нархи 6,2 сомонӣ фурӯхта шудааст. Ду рӯз пеш ин навъи сӯзишворӣ бо қимати 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Дар ҳамин ҳол, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир монда, сокинон бо нархи қаблӣ сӯзишворӣ мегиранд.
Автоцистерна на дороге  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Тасмими Тоҷикистон барои харидории наздик ба ним миллион тонна гази моеъ
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр арзиши бензини АИ-92 11 сомонӣ, бензини АИ-95 11,5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки болоравии нави нархи сӯзишворӣ ва рӯғанҳои молиданӣ аз нимаи моҳи март оғоз шуда, арзиши бензини АИ-92 то 12,00 сомонӣ, бензини АИ-95 12,50 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ боло рафта буд.
Қаблан, дар пасманзари поин рафтани қурби доллар дар маркази маъмурии шимоли ҷумҳурӣ коҳиши нархи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ширкати воридкунандаи маводи сӯхт сабти ном шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти гумруки кишвар, дар соли 2021 беш аз 618,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи умумии 412,6 миллион доллар ворид шудааст.
Жители Душанбе покупают продукты в магазине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Бозорҳои ноустувор: дар Тоҷикистон нарх ва навбат дар банкоматҳо меафзояд
Дар ин давра 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид карда шудааст.
Тоҷикистон умдатан аз Русия ва Қазоқистон бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ворид мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 60 дарсади мошинҳо бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Ин навъи маводи сӯхт дар муқоиса бо бензин арзонтар аст.
Лентаи хабарҳо
0