Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сарбози асир гуфт, чаро нерӯҳои Украина таслим шуданд

© Sputnik / Михаил Андроник / Гузаштан ба хазинаи аксПродолжается освобождение Мариуполя
Продолжается освобождение Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Яке аз сарбозони асири украинӣ гуфт, нерӯҳои баҳрии Украина аз сабаби бемаънӣ будани муқовимат таслим шуданд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Нерӯҳои дарёии Украина дар Мариупол ба далели бемаънӣ будани муқовимат таслим шуданд, гуфт яке аз нерӯҳои баҳрии асир ба хабарнигорон.
"Дигар муқовимат кардан бемаънӣ буд, ризқу рӯзӣ, об, снаряду патронҳо тамом мешуданд, ҳатто ба мо касе кумак накард. Фармондеҳон низ зидди таслимшавӣ набаромаданд. Онҳо ҳам таслим шуданд", - гуфт дар суҳбат бо рӯзноманигорон сарбоз Евгений.
Ситоди дифои марзии Ҷумҳурии Мардумии Донетск рӯзи панҷшанбе гуфт, то шоми 13 апрел 1350 сарбози украинӣ ба нерӯҳои ҶМД таслим шудаанд.
Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки 1026 низомии Бригадаи 36-уми баҳрӣ дар Мариупол таслим шудаанд.
Дар байни онҳое, ки силоҳ ба замин гузоштанд, 162 афсар ва 47 зани низомӣ низ буданд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии ин идора, генерал-майор Игор Конашенков, ба "151 низомии захмишудаи украинии Бригадаи 36-уми баҳрӣ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд ва пас аз он ҳама барои табобат ба бемористони шаҳри Мариупол интиқол ёфтанд".
Разминирование теплоэлектростанции в Счастье в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шӯрои федератсия: Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро ба дарозо намекашад
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Путин воқеаҳоеро, ки дар Украина рух медиҳад, фоҷиа номид
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба тарафҳо муяссар гардид, ки бар рӯи баъзе масъалаҳо созиш кунанд.
Лентаи хабарҳо
0