Теъдоди корхонаҳои асфалтбарорӣ дар Суғд ба 14 адад расид

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузаштан ба хазинаи аксРеконструкция трассы, архивное фото
Реконструкция трассы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Корхонаи нави тавлиди асфалт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо гази табиӣ фаъолият дошта, метавонад дар як соат 120 тонна маҳсулот истеҳсол кунад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи нави асфалтбарории "Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бунёд гардидаст.
Таъкид шудааст, ки ин корхона дар масоҳати як гектар бо насби технологияи муосир ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ фаъол карда шудааст.
"Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лулаҳои газӣ кашида шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2022
Тоҷикистон содироти пахтаро коҳиш медиҳад
Дар марҳилаи аввал маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ муқаррар гардида, интизор меравад, ки он минбаъд афзоиш хоҳад ёфт.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд, таъкид кард манбаъ.
Зикр шудааст, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Мушаххассан дар мавриди корхонаҳои тавлиди асфалт илова гардид, ки феълан дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъоланд, ки дар таъмиру тармими роҳҳои мошингарди минтақа саҳм мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0