"Turkish Airlines" дубора фурӯши чиптаҳоро бо рубл оғоз кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксМеждународный аэропорт имени Ататюрка
Международный аэропорт имени Ататюрка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сомонаи ширкати туркии "Turkish Airlines" акнун имкони харидории чиптаҳо бо рублро барқарор кард. Ин хидматрасонӣ ду моҳ боз маҳдуд буд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар торномаи ширкати ҳавопаймоии "Turkish Airlines" имкони пардохти чиптаҳо бо рубли русӣ дубора пайдо шуд, ин имкон ду моҳи охир дастрас набуд, хабар медиҳад АТОР.
Дар рӯйхати асъорҳои имконпазир (дар кунҷи рости торнома) рамзи рубли русӣ пайдо шуд. Агар онро интихоб кунед, нархҳои чипта бо рубл нишон дода мешаванд.
Пас аз ворид кардани маълумоти шахсии мусофир дар марҳилаи ниҳоии хариди чипта, равзанаи "интихоби усули пардохт" кушода мешавад.
Дар сутуни "корти кредитӣ/дебетӣ" нишонаи системаи миллии пардохтии "Мир" мавҷуд аст. Ҳангоми интихоби корти "Мир" пардохт бо рубл сурат мегирад.
Куда можно улететь из России? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Аз Русия ба куҷо парвоз кардан мумкин аст: рӯйхати кишварҳо
Имконияти истифодаи корти пластикии "UnionPay" алоҳида нишон дода шудааст.
Бо корти "Мир" қаблан низ аз сомонаи "Turkish Airlines" чипта харидан мумкин буд, аммо бо лираи туркӣ.
Ҳоло ҳама чиз осонтар ва роҳаттар шудааст: пардохт тавассути корти "Мир" фавран бо рубл анҷом дода мешавад.
Маҳдудияти парвозҳо ба як қатор қисматҳои Русия тамдид шуд
Истифода аз кортҳои "Visa" ва "Mastercard"-и бонкҳои Русия то ҳол ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0